Ду корхонаи нав дар ноҳияи Б. Ғафуров: Раҳмон ба фаъолияти корхонаҳо ҳусни оғоз бахшид

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар минтақаи кӯҳии Рухаки деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фабрикаи парандапарварии “Дӯсти Азиз” – ро ифтитоҳ кард

ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар, дар доираи сафари худ ба вилояти Суғд субҳи имрӯз дар минтақаи кӯҳии Рухаки деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти корхонаи парандапарварӣ оғози расмӣ бахшид.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров: ифтитоҳи корхона ва боздид аз гӯшаи табиат

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур ширкати ҳасиббарории “Азизӣ” ба истеҳсоли ҳасиб дар шаклу андозаҳои гуногун машғул буда, фабрикаи парвариши мурғ низ бо мақсади таъмини ин корхона бо гӯшти паранда ва ба ин васила истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ бунёд гардидааст.

Дар фабрикаи парандапарварии “Дӯсти Азиз” парвариши чӯҷаҳои зоти бройлерии “Ross-308”, ки танҳо барои истеҳсоли гӯшти парҳезӣ мебошад, ба роҳ монда шудааст.

Ҳамзамон манбаъ қайд намудааст, ки масъулони ширкати “Дӯсти Азиз” нақша доранд, ки бо парвариши паранда ва истеҳсоли гӯшти парҳезӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ, фаровонии масҳсулоти ватанӣ дар бозорҳо саҳм гузошта, ояндаи наздик содироти чунин маҳсулотро ба роҳ монанд.

Ҳамзамон субҳи имрӯз дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фермаи ширию молии кооперативи тиҷоратии Хоҷагии деҳқонии “Бобоҷон Мақсуд”-ро баъди навсозӣ мавриди истифода қарор дод.

Эмомалӣ Раҳмон дар Хуҷанд рӯзи 22 марти соли 2020 - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон дар бораи пешгирӣ аз коронавирус : "танҳо мувофиқи тавсияи мутахассисон амал кунед"

Раҳмон дар соҳили Баҳри тоҷик истироҳатгоҳи навро ифтитоҳ кард

“Аз шумораи умумии чорвои калон 120 сар ширдеҳ буда, аз ҳар сар солона 3 ҳазору 569 литр шир истеҳсол мегардад. Парвариши зоти сиëҳалои навъи тоҷикӣ ба шароит ва иқлими минтақа мутобиқ буда, маҳсулнокии ин зоти чорвои калон хеле зиëд мебошад”, - таъкид доштааст манбаъ.

Бояд қайд кард, ки дар Хоҷагии деҳқонии “Бобоҷон Мақсуд” зиёда аз 100 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин буда, аз ин шумора 26 нафар занону духтарон дар фермаи ширию молӣ фаъолият менамоянд.

Лентаи хабарҳо
0