19:24 28 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.38
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
528 0 0

Воридкунандаи асосии орд дар Тоҷикистон, ширкати "Фаровон-1" эълом дошт, ки гандум ба кишвар ба таври мунтазам ворид мешавад ва воридоти он қатъ нашудааст

ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Яке аз воридкунандаҳои асосии орд дар Тоҷикистон ширкати "Фаровон-1", овозаҳои қатъ гаштани воридоти ордро ба ҷумҳурӣ дар бастагӣ ба паҳншавии бемории коронавирус такзиб кард. Ёдрас мешавем, ин овозаҳо боиси "ордталош" дар бозорҳои Тоҷикистон ва ҷаҳиши арзиши он гашта буд.

"Гандум ба Тоҷикистон дар ҳаҷми кифоя ворид мешавад, воридот қатъ нагардидааст ва ҷои ташвиш нест. Боркашонӣ аз дигар кишварҳо бетағйир идома дорад", - менависад дафтари матбуоти ширкат.

Афзун бар ин, таъкид мегардад, ки таъмини мунтазами маводи хӯрокаи ниёзи аввал зери назорати шадиди ҳукумат қарор дорад ва аз ҷониби мақомоти давлатӣ барои дастгирии соҳа чораҷӯӣ карда мешавад.

"Қатъиян аз тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳиш мекунем, ки хотирҷамъ бошанд ва ба овозаҳои беасос дода нашванд", - афзудааст манбаъ.

Ёдрас мешавем, аз субҳи имрӯз Ӯзбекистон ба далели сирояти вируси корона сарҳадоташро бо кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон баст. Воридот ба Тоҷикистон бошад, аз Русияву Қазоқистон маҳз ба воситаи қаламрави Ӯзбекистон сурат мегирад. 

Дар пайи ин хабар, "Ширкати роҳи оҳани тоҷик" тавзеҳ медиҳад, ки воридот ва транзити мошинҳои боркашон қатъ нашудааст.

Охирин омори ҷаҳонии гирифторони коронавирус: афзоиш дар Осиёи Марказӣ ва Русия

 

Тоҷикистон ҳар моҳ бештар аз 7 тонна орд ва наздики 50 тонна гандум ворид мекунад. Бештар аз 90 дар сади орду гандум ба кишвар аз Қазоқистон ворид мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ