Дастури Раҳмон ба вазирони саноат ва кишоварзӣ бораи истеҳсол ва захираи орду равған

Обуна шудан
Котиботи раисиҷумҳур мегӯяд, мардуми Тоҷикистон метавонанд дар масъалаи таъминот бо ғалла ва орд осуда бошанд ва ба ҳар гуна овозаҳои бардуруғ бовар накунанд

ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Имрӯз, 23 март, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон, бо роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, мақомоти вилояти Суғд ва роҳбарони ширкатҳои истеҳсоли орд, равған ва таҳвилкунандагони маҳсулоти ғаллагӣ машварати корӣ доир кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар Хуҷанд рӯзи 22 марти соли 2020 - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон дар бораи пешгирӣ аз коронавирус : "танҳо мувофиқи тавсияи мутахассисон амал кунед"

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар кори машварат масъалаҳои вобаста бо татбиқи босифату саривақтии нишондиҳандаҳои Паёми Президент, барномаҳои давлатӣ ва Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои то соли 2030, ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои асосии стратегии кишвар — ҳифзи амнияти озуқаворӣ, истеҳсол, харид, захира, воридоту содироти маҳсулоти хурокворӣ, аз ҷумла, маводи ниёзи аввал, орд, равған ва сабзавот, таҳлили вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мамлакат мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.

Вобаста ба ин ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ҳисоботи вазирони саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, раиси вилояти Суғд ва гузориши роҳбарони ширкатҳои истеҳсоли орд ва равған шунида шудааст.

Дар ин росто, Эмомалӣ Раҳмон супориш додааст, ки масъалаи истеҳсол ва захираи орд зери назорати шахсии роҳбарони дахлдор, аз ҷумла вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо қарор дошта бошад.

"Ба роҳбарони корхонаҳои истеҳсоли орд ва равған дастур дода шуд, ки бо истифода аз имконият ва имтиёзҳои муҳайёкардаи Ҳукумати кишвар иқтидори истеҳсолии корхонаҳоро афзун намоянд. Бозори истеъмолии ватаниро бо маҳсулот таъмин карда, ба хориҷи мамлакат содирот намоянд", - омадааст дар хабарнома.

Дар баробари орду равған Ҳукумати мамлакат ба масъалаи харид ва захираи дигар маводи хӯрокворӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Амри Президент барои пешгирӣ аз коронавирус: дастур ба Прокурори генералӣ ва Расулзода

Бо супориши бевоситаи Президент, Агентии давлатии захираҳои моддӣ ва Иттифоқи Тоҷикматлубот дар анборҳои худ дар ҳудуди мамлакат ҳаҷми зиёди маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла сабзавотро захира кардаанд.

Роҳ ба бозор: чӣ гуна коронавирус аз орд то пойафзору таксиро гарон кард

Котиботи раисиҷумҳур афзуда, ки мардуми шарифи Тоҷикистон метавонанд дар масъалаи таъминот бо ғалла ва орд осуда бошанд ва ба ҳар гуна овозаҳои бардуруғ бовар накунанд.

Лентаи хабарҳо
0