14:24 27 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.26
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
526 0 0

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи шодбошӣ фиристода аз нақшаш дар таъмини сулҳ дар Афғонистон гуфтааст

ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Доналд Трамп президенти ИМА кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати ҷашни Наврӯз шодбош гуфт.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, Трамп аз номи мардуми Амрико ба раисиҷумҳур ва мардуми Тоҷикистон Наврӯзи хушбахтона ва осударо орзу кардааст.

Оҳайои Амрико: мақомот аз 100 ҳазор гирифтори "вируси тоҷдор" мегӯянд

Ӯ гуфтааст, дар мавсими эҳё ва навсозӣ, Иёлоти Муттаҳида бори дигар ҷонибдори таҳкими шарикӣ ва ҳамкориҳои халқҳоямонро таъкид мекунад.

"Имрӯзҳо Шумо ва мардуми Тоҷикистон беш аз пеш дар таъмини сулҳ ва шукуфоӣ дар Афғонистон нақши муҳим доред", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамчунин, Трамп барои таҳкими суботи минтақавӣ ва густариши имконоти иқтисодии ҳарду кишвар, ба раҳбарияти Тоҷикистон изҳори  миннатдорӣ кардааст.

Барчаспҳо:
Наврӯз, Эмомалӣ Раҳмон, Доналд Трамп, ИМА

Мавзӯъҳои асосӣ