05:59 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
268 0 0

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи сафари кориаш ба вилояти Суғд корхонаи коркарди меваю сабзавоти “Хуҷанд — Агро”, ки дар шаҳри Хуҷанд бунёд шудааст, ифтитоҳ кард

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон корхонаи коркарди меваю сабзавоти “Хуҷанд — Агро”, ки дар минтақаи саноатии шимолу шарқии маркази маъмурии вилояти Суғд - шаҳри Хуҷанд бунёд шудааст, ифтитоҳ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Бино бар иттилои манбаъ, корхонаи “Хуҷанд-Агро” бо маблағгузории соҳибкорони ватанӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ, ки зиёда аз 3,5 миллион сомониро ташкил додааст, бунёд шудааст.

Дар корхонаи мазкур бо истифода аз технологияҳои Русия, Чин, Украина ва Олмон асосан коркарди меваю сабзавот, ба монанди сабзӣ, лаблабу, карам, пиёз, каду, сирпиёз, се намуди кабудӣ, картошка, лиму ва себ ба роҳ монда шудааст.

Тибқи иттилои мантаъ, дар як шабонарӯз дар корхонаи “Хуҷанд-Агро” аз 10 то 12 тонна меваю сабзавоти тару тоза мавриди коркард қарор мегирад.

“Корхона маҳсулоти кишоварзиро аз хоҷагиҳои деҳқонии вилоятҳои Суғду Хатлон ба тариқи яклухт дастрас намуда, дар се марҳила бо технологияи муосир тоза карда, дар ҳарорати 100 дараҷа пухта, реза ва хушк мекунад. Ҳамчунин дар худи корхона маҳсулоти тайёр мувофиқ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ банду баст карда мешавад”, - таъкид доштааст манбаъ.

Маҳсулоти истеҳсолшудаи корхонаи мазкур, ба хориҷи кишвар, аз ҷумла Русия, Қазоқистон, Украина ва Аврупо содирот карда мешавад.

Ҳамзамон манбаъ зикр намудааст, ки айни замон дар анборҳои корхонаи “Хуҷанд-Агро” зиёда аз 1,5 ҳазор тонна сабзӣ ва пиёз захира карда шудааст, ки то ҷамъоварии ҳосили имсола марҳала ба марҳала дар асоси фармоиши ширкатҳои тиҷоратӣ ва талаботи бозори дохилию хориҷӣ мавриди коркард қарор мегирад.

Ҳамчунин бо мақсади таъмин намудан бо маҳсулоти кишоварзӣ, дар ҳудуди вилояти Суғд ба корхонаи коркарди меваю сабзавоти корхонаи “Хуҷанд-Агро” заминҳои корам вобаста карда шудааст.

Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Хуҷанд, ифтитоҳ, корхона, Раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, Раҳмон

Мавзӯъҳои асосӣ