07:12 13 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.14
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
899510

Мақомоти Тоҷикистон овозаҳои ошкор шудани коронавирус дар Тоҷикистонро бепоя хонд ва аз мардум даъват кард, ки ба хабарҳои бардурӯғ бовар накунанд

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон овозаҳои ошкор шудани коронавирус дар Тоҷикистонро рад кард. Ба гуфти ин ниҳод то имрӯз дар ҳудуди кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

"Дар ин лаҳзаҳои ҳассос Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони мамлакат даъват ба амал меорад, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ вобаста ба сирояти коронавирус, ки гӯё дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, бовар нанамоянд".

Манбаъ афзуда, ки то 23 марти соли равон сирояти коронавирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, аммо чораҳои пешгирикунандаи он рӯз то рӯз пурзӯр карда мешаванд.

Вазорат иттилоъ медиҳад,  ки аз 1  феврал то 23 марти соли равон 5038 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин  фаро гирифта шуданд.

Аз ин шумора то санаи зикргардида 1981 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 3057 нафарашон дар  беморхонаҳои сироятии кишвар ба карантин фаро гирифта шудаанд.

"Дар миёни шаҳрвандони ба карантин фаро гирифташуда 107 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд", - омадааст дар хабарнома.

Ин ниҳод мегӯяд, тамоми кӯшиш ва талоши хешро ба он равона сохтааст то шаҳрвандони аз хориҷ ба Тоҷикистон воридшуда муддати дар карантин қарор доштаашонро дар шароити хуб сипарӣ намоянд.

"Аз ҷумла,  то санаи зикргардида дар Маркази тиббии шаҳрии рақами 1-и пойтахт (якум советский) 369 шаҳрвандоне, ки аз якчанд кишвари хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, ба карантин фаро гирифта шудаанд. Тамоми шароит ва имконоти мусоид дар маркази тиббии мазкур барои нафарони ба карантин фаро гирифташуда муҳайё гардидааст"

Ҳамзамон, бо ташаббуси Вазорати тандурустии Тоҷикистон нафароне, ки муваққатан дар ҷойҳои на он қадар хуб ба карантин фаро гирифта шуда буданд, ба маконҳои дорои шароит ва имконоти хуб интиқол дода шуданд.

Барчаспҳо:
вирус, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ