КҲФ аз боришоти борону жола, селхезӣ, тармафароӣ ва канда шудани сарбандҳо ҳушдор медиҳад

© Sputnik / Игорь Подгорный / Гузариш ба медиабонкСильный град, архивное фото
Сильный град, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар робита ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар аз номусоид шудани ҳаво ҳушдор медиҳад

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Ба иттилои КҲФ дар Тоҷикистон сар аз 24 то 26-уми марти соли равон ҳаво ноустувор шуда, боронҳои шадид меборанд, раъду барқ ва бориши жола низ дар назар дошта шудааст.

Последствия разрушений после селевого потока в Пенджакенте - Sputnik Тоҷикистон
КҲФ хисороти селу боришот дар Наврӯзро гуфт: бартарафсозиҳо идома доранд

Бориши шадид дар маҳалҳои кӯҳӣ ва талу теппаҳо метавонад боиси ҳаракати хок шавад ва сатҳи обро дар рӯдхонаҳо ва кӯлҳо боло барад. Зимнан, хавфи лағзиши тарма ва резиши санг низ мавҷуд аст. Ҳамзамон кумитаи мазкур аз болоравии сатҳи оби дарёҳо ва кӯлҳо ҳушдор медиҳад, ки дар чунин ҳавои номусоид метавонад заминҳои соҳилро зери об кунад, ҳамчунин хавфи канда шудани сарбандҳо низ аз эҳтимол дур нест. 

Дар ҳамин иртибот, КҲФ ба шаҳрвандони ва меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки дар назди обанборҳо ва соҳилҳои пурхурӯши дарёҳо ба  моҳидорӣ машғул нашаванд.

Обуҳавошиносон аз эҳтимоли омадани сел хабар медиҳанд

Ҳамчунин КҲФ ба шаҳрвандоне, ки дар рустоҳо ва минтақаҳои кӯҳӣ ҳаёт ба сар мебаранд, тавсия медиҳад, ки ҳамеша мӯзаҳои резинӣ дошта бошанд, телефонҳои мобилии худро фаъол нигоҳ доранд, то дар ҳоли зарурат тавонанд ба ҷойҳои лозим иртибот бигиранд, ҳамдигарро аз ҳар гуна хатарҳои эҳтимолӣ хабардор созанд, дорухонаи манзили зистро бо доруҳои ниёзи аввал пур кунанд.

Кумита аз сокинон хоҳиш мекунад ба хотири пешгирӣ аз ҳар гуна хатарҳои эҳтимолӣ ҷӯйбору каналҳои худро аз хасу хаспора ва лою гил пок нигоҳ доранд. 

Гузашта аз ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои нохӯш, ҳар гуна садамаҳо дар роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо аз ронандагон хоҳиш мекунад равуои худро шабангом маҳдуд созанд.

Лентаи хабарҳо
0