10:40 24 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.07
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
334 0 0

Мақомоти Ӯзбекистон эълон намудааст, ки сар аз 24 марти соли равон тамоми фурӯшгоҳҳои шаҳри Тошканд ба ғайр аз фурӯшгоҳҳои маводи ғизоӣ дар пайи шуюи коронавирус таътил мешаванд

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Шаҳрдории Тошканд эълом кардааст, ки тамоми бозор ва фурӯшгоҳҳои масолеҳи сохтмонӣ, худравҳо, бозорҳои колоҳои дасти дуввум ва тамоми муҷтамаъҳои тиҷоратӣ аз 24 март ба таври муваққат фаъолияти худро мутаваққиф мекунанд, иттилоъ додааст хабаргузории Форс.

Дар ҳамин ҳол мақомоти Ӯзбекистон таъкид доштааст, ки фурӯшгоҳҳои маводи ғизоӣ, бемористонҳо ва дорухонаҳо фаолияти худро идома хоҳанд дод.  

Мақомоти шаҳрдории Тошканд таъкид карданд, ки дар сурати поймолсозии муқаррароти карантин бо ҷазои дахлдор бархурд хоҳанд шуд.  

Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон ва Комиссиони вижаи раёсатҷумҳурӣ унвон карданд дар ин замина ҳамчунин аз 24 март  убури васоили нақлиёт байни манотиқи Ӯзбекистон мамнӯъ аст.  

Аз имрӯз ҳамчунин дар шаҳри Тошканд тараддуди васоили нақлиёт аз ҷумла метро, автобус ва таксиҳои хаттӣ ба таври муваққат мутаваққиф шудааст. 

То кунун Ӯзбекистон барои ҷилавгирӣ аз мубталоёни коронавирус иқдомоти хоссе низ анҷом додааст.

Барчаспҳо:
таътил, вирус, Тошканд, фурӯшгоҳ, мақомот, Ӯзбекистон

Мавзӯъҳои асосӣ