06:27 09 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.14
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
488 0 0

Чанде пеш ширкати ҳавоии "Сомон Эйр" тариқи парвози махсус 182 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Маскав ба ватан интиқол дод

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр" 24 март ба воситаи парвози махсус аз Маскав ба Кӯлоб 182 шаҳранди Тоҷикистонро интиқол дод.

"Ҳамаи шаҳрвандони интиқолёфта ба хотири пешгирии коронавирус ба карантини 14-рӯза равон карда шудаанд. 151 нафар дар касалхонаи Бохтар, 31 каси  дигар дар шӯъбаи сироятии беморхонаи Кӯлоб ҷой дода шудаанд", - хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ.

Маҳз ҳамин ҳавопаймо аз Душанбе ба Маскав 189 шаҳрванди Русияро интиқол дода буд. Интизор меравад, ки имрӯз низ ширкати миллии "Тоҷик Эйр" аз Душанбе ба Маскав парвоз кунад.

Ёдрас мешавем, Вазорати тандурустӣ иттилоъ дод,  ки аз 1  феврал то 23 марти соли равон 5038 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин  фаро гирифта шуданд.

Аз ин шумора то санаи зикргардида 1981 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 3057 нафарашон дар  беморхонаҳои сироятии кишвар ба карантин фаро гирифта шудаанд.

Росавиатсия мушкилии интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистонро тавзеҳ дод

Ҳамзамон, бо ташаббуси Вазорати тандурустии Тоҷикистон нафароне, ки муваққатан дар ҷойҳои на он қадар хуб ба карантин фаро гирифта шуда буданд, ба маконҳои дорои шароит ва имконоти хуб интиқол дода шуданд.

Мавзӯъҳои асосӣ