13:25 31 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
517 0 0

Мусофироне, ки аз хориҷа ба Тоҷикистон меоянд зери назорати шадиди пизишкон гирифта мешаванд. Шароити карантин барои мусофирон гуногун аст. Бархеҳо дар биноҳои сарду куҳна ва дигаре дар биноҳои сатҳи олӣ нигаҳдорӣ мешаванд

ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон аз ҳафтаи гузашта тамоми нафаронеро, ки аз хориҷа ба ҷумҳурӣ ворид мегарданд ба таври ҳатмӣ, зери карантин қарор мегиранд.  Пас аз фуруд омадани ҳавопаймо, мусофиронро ҳамроҳ бо бағоҷҳояшон аз фурудгоҳ бо автобусҳо ба минтақаҳои карантин мебаранд.

Аммо ташкилкунандагони карантин на ҳама вақт дар ташкили шароит муваффақ мебошанд. Барои мисол як гурӯҳ шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки ахиран ҳавопаймо ба кишвар расонданд,  дар шароите ҷойгир карданд, ки дар он на шароити зиндагӣ ва на тиббӣ буд.  

Sputnik Тоҷикистон бо бархе аз мусофирон суҳбат карда, аз шароити карантин дар кишвар пурсон шуд.

“Ман аз Лондон тавассути Дубай омадам. Аз овозаҳо фаҳмидам, ки ин парвози охирин аст ва мо ба он бо душворӣ расидем. Пас аз он, ки ба Душанбе расидем, ман худам мехостам ба хона нарафта ба карантин равам. Тамоми мусофирон то охир намедонистан, ки моро чӣ интизор аст. Баъзеҳо мегуфтан моро ба карантин мебаран баъзеҳо мегуфтанд ба хона ҷавоб медиҳанд”, - ба ёд меорад Дилрабо.

21 март соати 2-и шаб баъд аз чандин соати интизорӣ ба мусофирон бағоҷҳояшонро доднад ва масъулин вазъро ба мо шарҳ доданд: бино бар хатари паҳншавии коронавирус шаҳрвандонро барои аз ташхис гузаштан ба беморхонаи “Истиқлол” мебарем. Ба карантин нафароне гирифта хоҳанд шуд, ки натиҷаи ташхисаши онҳо манфӣ мебошад, дигаронро ҷавоб медиҳем.

Ин гуфтаҳоро як мусофири дигар низ тасдиқ кард.

“Ҳавопаймои мо шаб ба фурудгоҳи Душанбе фуруд омад. Ҳама монда буд ва мехостем ба зудӣ ба хона бирасем. Аммо пас аз убури сарҳад дар фурудгоҳ ҳамаро дар як ҷой ҷамъ оварданд ва ба ду гурӯҳ тақсим карданд. Ҳамаро ба автобусҳо шинонданд ва ба куҷое бурданд. Гуфтан ба хотири ҷилавгири аз паҳншавии вирус моро аз ташхис мегузаронанду сипас ба хонаҳо ҷавоб медиҳанд”, - гуфт  Нилуфар.  

Аммо дар асл мисли ҳамеша кор ранги дигар гирифт.

Сардӣ, гуруснагӣ ва оромӣ

Аввалин гурӯҳи 80 нафариро ба “Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои пӯст ва узвҳои таносул" оварданд. Шиносномаҳоро ҷамъ карданд ва ба утоқҳо ҷо ба ҷо карданд. Утоқҳо ба гуфтаи шоҳидон умуман ба қабули беморон омода набуд: мусофирон шоҳиди аз даромадгоҳ шоҳиди бинои сарду шароити ғайри санитарӣ шуданд.

“Дар утоқҳое, ки барои ҷойгир намудани 5-6 нафар дар бар гирифта шуда буд, 10-12 кати хоб гузошта шуда буд. Моро катҳои куҳнаи даврони шуравӣ, бистарҳои чиркин, намнокӣ, деволҳои мағори сиёҳ баста ҷойпӯш ва кӯрпаҳои дарида  интизор буд. Мо шоҳиди бинои куҳнаи даврони Шӯравӣ шудем, ки ҳеҷ шароите надорад”, - гуфт Саодат.

Мусофирони хаста шабро рӯз карданду субҳи содиқ аз пайи ҷустуҷӯи роҳбарият шуданд.

 

Пассажиров отправляют на карантин
Пассажиров отправляют на карантин

 

“Роҳбарият баъд аз зуҳр расид. Онҳо бидуни ниқобу либоси махсус омаданд. Вақте, ки мо дар бораи ташхис пурсидем, онҳо бо тааҷуб ба мо гуфтанд, ки ҳеҷ гуна ташхис дар ин бемористон нест ва набуд. Дастгоҳи ҳарорати бадансанҷӣ дар ин бемористон як дона буд ва нишондиҳандаҳои онро касе назорат намекунад. Корҳои санитарӣ дар бинову утоқҳо дар дӯ рӯз як маротиба гузаронида мешавад. Аз рӯи қоида ин кор бояд ду маротиба дар як рӯз гузаронида шавад”- гуфт як зани шоҳид.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар бемористони мазкур беморони қабли ҳам табобат меёбанд.

“Ман бо духтарам аз истироҳатгоҳ баргаштам. Бо худ либоси гарм надоштем. Шаб дар сарди ларзида, субҳро интизор шудем. Ба шавҳарам занг задам, вай барои мо дастгоҳи гармидиҳӣ, рахти хоби тоза, косаву пиёла, чойнаки электрикӣ ва тамоми лавозимоти зарурӣ овард. Акнун ҳар рӯз шавҳарам барои мо ғизо меорад, чунки он ғизое, ки дар инҷо ба мо медиҳанд хурданаш як каме хатар дорад”, - гуфт як модари эҳсосӣ.

Дарҳои ҳоҷатхона ва ҳаммоми занона кулф надоранд ва он баста намешаванд. Ҳаммоми мардона бошад қулф дораду аммо аз нисф зиёди дараш шишагин аст, ки тамоми ҳаммом ҳамчун кафи даст аст.   

Шароити бад  

Гурӯҳи дуюмро низ ба карантин равон карданд. Аксари мусофирон нигарони мекашиданд, ки баъд аз фуруд омадани ҳавопаймо бо онҳо чӣ кор хоҳанд кард.

“Вақте, ки ба автобус нишастем маълумот дигар шуд. Маълум шуд, ки мардумро ба лагери кӯдаконаи “Зимчуруд”-и  Варзоб мебаранд ва ба ҳамонҷо гурӯҳи пизишкон меоянд. Чанд зан аз хориҷа баъд аз ҷарроҳи баргашта буданд ва ба нигаҳдории махсус ниёз доштанд”, - гуфт як шоҳиди дигар.

Маълум шуд, ки лагери кӯдакона то охир сохта нашудааст ва ягон шароит барои нигаҳдорӣ таъмин нашудааст. Бино наму сард буд.

“Вақте, ки мо шароит нигаҳдориро дидем, ҷанҷол шурӯъ  шуд. Аз аввал ба хуби фаҳмондем, ки дар инҷо ҳеҷ шароите барои зиндагӣ нест. Сипас ба тамоми мақомотҳои мухталифи давлатӣ шикоят бурдем то ба мо дастгоҳи гармидиҳӣ диҳанду об гузаронанд, чунки барои 100 нафар 6 ҳоҷатхона буд ва ҳамааш бидуни об”, - гуфт Дилрабо.

Пизишконе, ки ҳатто дар ин бора иттилоъ надоштанд, ба ҳар ҳол сафарбар карда шуданд. Онҳо ҳатто ниқобу дасткаш надоштанд. Онҳо лавозимот ва дармонҳои одӣ дар даст доштанд.

Барои беҳбуд кардани шароит расонаҳои хабарӣ кумак карданд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксу наворҳо аз ҷой ва шароити нигоҳдорӣ пайдо шуд.

Қисса ба хуби анҷом ёфт

Баъд аз ин мақомот барои рафъи ин камбудиҳо зуд талош кард. Баъд аз як рӯз эълон карданд, ки чизу чораҳоятонро ҷамъ кунед, Шуморо ба дигар ҷой мебаранд. Аксар нигарон буданд, ки баъд шикоятҳо онҳоро боз ба ҷои бадтар мекучонанд. Аммо ҷойи нав дар ҳақиқат беҳтар будааст.

 

Вид из санатория
Вид из санатория

 

“Моро ба истироҳатгоҳи Харангон барои куҳансарбозони ҶБВ ва қаҳрамонони меҳнат бурданд. Утоқҳои гарм ва тамоми шароит барои нигаҳдорӣ дар карантин мавҷуд аст. Утоқҳо дорои ҳоҷатхона, чойнак, яхдон мебошанд. Мардум бо хуроки гарм таъмин ҳастанд ва пизишкон дар як рӯз чанд маротиба аз мо хабар мегиранд”, - гуфт як духтари ҷавон.

Мушкили бо гигиена ва чораҳои санитарӣ вуҷуд надорад. Пизишкон бо ниқоб ва либосҳои махсусаснд.

Ҳоло карантин бештар ба буду бош дар истироҳатгоҳ шабоҳат дорад. Дар рӯзҳои боду ҳавои хуб мардум ба сайру гашт мебароянд ва аз ҳавои тоза нафас мекашанд.

Ҳарчанд мардум дар карантин қарор доранд онҳоро гуфтугӯ бо наздиконашон маҳрум накардаанд. Хешу табор метавонанд ба наздикони худ лавозимоти иловагӣ ба монанди доруву либоси тоза биёранд.

Дар “Харангон” тақрибан 500 нафар ҷойгир карда шудааст. Дар маҷмӯъ ба карантин беш аз 3 ҳазор нафар гирифтор шудааст. Мақомот умедвор аст, ки дар ду ҳафтаи наздик миёни нафароне, ки ба карантин гирифтор шудаанд, коронавирус ошкор нагардад.

Дар ҳамин ҳол, паҳни коронавирус авҷ гирифтааст. Аз ҷумла дар кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон. Шумори гирифторон ба коронавирус дар Қирғизистон 3 баробар афзоиш ёфта аз 16 ба 42 нафар расид ва дар Ӯзбекистон шумори нафарони ба ин вирус гирифторшуда  ба 45 нафар расид.

Барчаспҳо:
нигаҳдорӣ, сардӣ, бино, шароит, назорат, мусофирон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ