Раҳмон боғи суперинтенсивии навро дар Суғд бунёд гузошт

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЭмомали Рахмон посетил яблоневый сад в Горно-Матчинском районе
Эмомали Рахмон посетил яблоневый сад в Горно-Матчинском районе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар рӯзи панҷуми сафари корӣ дар вилояти Суғд Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба бунёди боғи нави суперинтенсивӣ асос гузошт

ДУШАНБЕ, 26 мар— Sputnik. Боғи суперинтенсивӣ дар масоҳати 5 гектар дар ҳудуди Муассисаи давлатии "Боғи миллии Ваҳдат" бунёд гардида, дар он дарахтони себ, нок, зардолу ва шафтолу шинонида мешавад, хабар дод котиботи раисиҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз боғи суперинтенсивӣ дар ноҳияи Спитамен боздид кардааст, ки ба иттилои котиботаш нахустин чунин таҷрибаи боғдорӣ дар кишвар мебошад - Sputnik Тоҷикистон
Супербоғи Саидмурод Давлатов: Раҳмон рафту ниҳол шинонд-аксҳо

Манбаъ афзуд, ниҳолҳое, ки дар боғ шинонида мешаванд, аз дигар давлатҳо ворид гардида, тибқи баҳогузории мутахассисони соҳа, ба обу ҳаво ва иқлими Тоҷикистон муносиб мебошанд.

"Аз рӯи хусусият, тамоми ниҳолҳо қадпаст ва миёнақад буда, самаранокии боғи суперинтенсивӣ нисбат ба боғҳои муқаррариву интенсивӣ бештар мебошад. Аз он ки дар боғи суперинтенсивӣ дарахтони мевадиҳанда нисбатан зичтар шинонида мешаванд, имкон пайдо мешавад, ки дар як гектар замин то 2220 бех ниҳол ҷой дода шавад", - омадааст дар иттилоия.

Ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки аллакай аз соли сеюм ниҳолҳои боғи суперинтенсивӣ ба ҳосил даромада, то панҷсолагӣ ба пуррагӣ самаровар хоҳанд шуд.

Саидмурод Давлатов, соҳибкор ҳангоми муаррифии нақшаҳояш ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Давлатов ба Раҳмон аз тиҷорати ҳозираю ояндааш гуфт: аз помидор то себу хишту витамин-акс

Тибқи баҳогузории кишоварзон, аз як гектар боғи суперинтенсивӣ аз 20 то 25 тонна меваи хушсифат ба даст оварда мешавад. Аз ин рӯ, чунин навъи маҳсулот таъиноти содиротӣ дошта, дар бозорҳои ҷаҳонӣ харидорони зиёд доранд.

Тавре зимни муаррифӣ иброз гардид, боғи нав бо усули қатрагии рӯйихокӣ ва қатрагии зери шохсор обёрӣ гардида, дар масоҳати 0,67 гектар навъҳои себи "Голден Делишес", "Стар Кримсон", 0,46 гектар ноки "Санта Мария", 1,76 гектар шафтолуи "Нектарин" ва "Амрикоӣ" парвариш карда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба кишоварзон дастур дод, ки боғи навбунёдро бо риояи тамоми меъёрҳои агротехникӣ нигоҳубин намуда, барои нашъунамои саривақтии ниҳолҳои шинонидашуда чораҳои зарурӣ андешанд.

Лентаи хабарҳо
0