06:40 09 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.14
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
115 0 0

Рӯзи бисту ҳафтуми март , Рӯзи байналмилалии театр, Рӯзи қӯшунҳои дохилии ВКД Федератсияи Русия ва дар Ангола – Рӯзи ғалаба таҷлил мешавад

Рӯзи 27 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1992 Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви ИДМ таъсис дода шуд.

Соли 1998 Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ дар бораи оғози тамринҳои сарҳадбонони Албания барои ҳифзи сарҳад бо Югославия хабар дод.

Соли 2014 аввалин маротиба дар таърихи муносибатҳои Тоҷикистону Кувайт ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Соли 1913 дар Оттава аввалин шумораи рӯзномаи франсуззабони "Ле Друа нашр шуд.

Рӯзи 27 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1933 дар шаҳри Душанбе китобхонаи шаҳрии ба номи Лоҳутӣ ифтитоҳ гардид.

Соли 2012 дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Иҷрокунандаи вазифаи Котиби иҷроияи вақти  Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид Андрей Василев масоили гуногуни ҳамкории бисёрпаҳлуи Тоҷикистону СММ баррасӣ шуданд.

День 25 марта
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария
Соли 2012  Котиби Генералии вақти Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ба унвони иштирокдорони Конфронси панҷуми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон, ки дар Тоҷикистон баргузор гардид,  табрикнома ирсол намуд

Соли 2014 дар Афғонистон мавзӯъҳои муҳимтарини минтақавӣ дар бахшҳои сиёсат, амният, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёту коммуникатсия ва илму фарҳанг, ҳамчунин дар мулоқоти дуюми чаҳорҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон баррасӣ шуданд.

Соли 2014 дар шаҳри Кобули ҶИ Афғонистон чорабинии тантанавӣ ва Конфронси байналмилалии Наврӯз баргузор гардид. Дар он сарони давлатҳою ҳукуматҳо ва намояндагони воломақом аз ҳашт мамлакати ҳавзаи тамаддуни ин ҷашни мардумию табиӣ иштирок намуданд.

Соли 2015 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бо дастаи Малдив бо ҳисоби 2:0 ғалаба ба даст овард.

Ҷашнҳои рӯзи 27 март

  • Рӯзи байналмилалии театр.
  • Рӯзи қӯшунҳои дохилии ВКД Федератсияи Русия
  • Дар Ангола – Рӯзи ғалаба.

 

Барчаспҳо:
ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ