Гуфт, бо занат ҷанҷол накун: писаре дар Хуҷанд падари 67-солаашро корд зад

© Sputnik / Табылды КадырбековМужчина с ножом в руках, архивное фото
Мужчина с ножом в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Марди гумонбаршаванда бо собиқ ҳамсараш вохӯрда, муноқиша мекардааст, ки падараш ба миён даромада, онҳоро ором карданӣ шудааст. Аммо писар падарро корд задааст

ДУШАНБЕ, 27 мар— Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, аз боздошти марди 43-солае хабар медиҳад, ки падарашро корд задааст.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса санаи 25-уми марти соли 2020, тахминан соати 21:30-дақиқа рух додаст. Гумонбаршаванда дар ҳолати мастӣ қарор доштааст.

Преступник за решеткой  - Sputnik Тоҷикистон
Ҳамсарро қатл ва хушдоманро захмӣ кард: боздошти сокини 27-солаи Норак бо ҷурми одамкушӣ

"Ӯ бо собиқ ҳамсараш зани 37-сола, ки дар асоси ҳалномаи судӣ аз соли 2019 ҷудо шуда, дар манзили истиқомотии якҷояашон маскун гардидааст, вохӯрда, байни якдигар баҳсу мунозира ва ҷанҷол кардаанд", - менависад ВУД.

Баъдан падари гумонбаршаванда марди 67-сола барои аз ҷанг халос кардан ба наздашон омадааст, ки номбурда як маротиба бо корд ба шиками падараш зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.

Сокини 37 - солаи Хуҷанд қасдан ҳамсари собиқ ва писари ноболиғашро бо мошин пахш намуд

Дар натиҷа, падари 67-солаи мард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0