11:23 02 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.21
  • EUR11.16
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
192 0 0

Арзиши доллар чи дар бозори ҷаҳон ва чи дар бозори асъори Тоҷикистон боло ва қурби рубл бошад, рӯз то рӯз паст мешавад

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон барои имрӯз арзиши асъори хориҷиро нисбат ба пули миллӣ эълом кард. Чанд рӯзи пеш, баъди арзон шудани нафт дар бозори ҷаҳон қурби рубл якбора поён ва доллар боло шуд, ки то ҳол ин вазъ бетағйир аст.

Қурби миёнаи фурӯши як рубли русӣ дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон аз 0. 1285 то 0.1320 сомониро ташкил медиҳад, хабар додаст Бонки миллӣ.

Ба иттилои манбаъ, нишондоди миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА  10,2000 сомонӣ ва 1 евро муодили 10.0347 то 11.2000 сомонӣ шудааст.

Дар қурби расмӣ дар бозори ғайринақдӣ Бонки миллии Тоҷикистон афзудааст, ки имрӯз  доллари ИМА - 10,200 сомонӣ, 1 евро - 11.0384  сомонӣ ва 1 рубли русӣ - 0.1284 сомониро ташкил медиҳад.

БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз дафтарҳои асосии бонкҳо, намояндагиҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ