14:39 06 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (607)
2280 0 0

То 27 марти соли равон 2050 нафари дар карантин буда, ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 3870 нафар дар беморхонаҳои сироятии кишвар дар карантин қарор доранд

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ  медиҳад, ки аз 1  феврал то 27 марти соли равон 5919  нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои кишвар ба карантин  фаро гирифта шуданд.

Аз ин шумора то санаи зикргардида  2050  нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 3870  нафарашон дар  беморхонаҳои сироятии мамлакат  дар  карантин  қарор доранд.

"Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки  то имрӯз, 27 марти соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст", - омадааст дар хабарнома.

Пешгӯии Путин: кай Русия бар коронавирус дастболо мешавад

То имрӯз, 27 март, бо вируси COVID-19 - 532 ҳазор кас дар ҷаҳон сироят шуда, 24 ҳазор нафар ҷон бохту 122 ҳазор кас шифо ёфт. Дар Русия аллакай беш аз 1000 нафар мубталои коронавирус шудааст.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (607)
Барчаспҳо:
вирус, Вазорати тандурустӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ