Паёми Ҷӯрабек Муродов ба муҳоҷирон: заҳмататон рӯзе роҳат мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевДжурабек Муродов
Джурабек Муродов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷӯрабек Муродов, ҳунарманди номӣ таронаи тозаашро, ки бо Ҷонибек Муродов сароидаанд, ба муҳоҷирон бахшидааст

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Ҷонибек ва Ҷӯрабек Муродовҳо, ҳунармандони номӣ ва падару писар таронаи тозаэҷоди навбатиашонро ба муҳоҷирон бахшидаанд.

Таронаи тозаи "Мусофир" ду рӯз пеш дар канали JM Company мунташир шуда, то имрӯз аз он бештар аз 36 ҳазор нафар боздид кардаанд. 

Матни тарона ба шоир Озарахш тааллуқ дорад.

Худи устод ҳунар Ҷӯрабек Муродов дар пайи нашри  суруди наваш, дар наворе ба муҳоҷирон паём ирсол карда, гуфтааст, ки худро ғариб ҳис накунанд ва заҳматашон рӯзе роҳат мешавад.

 

"Барои ҳамаи шумо ҳамватанон, ки дар мусофират ҳастед, ният кардем, ки суруде эҷод кунем. Худро дар куҷое набошед, мусофир ҳис накунед. Заҳмат кашида истодаед ва Худо хоҳад, заҳмататон роҳат мешавад", - мегӯяд дар навор устоди ҳунар.

Муродов қайд кардааст, ки кӯмаки мусофирон ба Тоҷикистон зиёд аст.

Зери тарона 1,6 ҳазор нафар "класс" гузоштаанд.

Ҷӯрабек Муродов, ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ имсол 77-сола шуд.

Лентаи хабарҳо
0