14:24 02 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.55
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
149 0 0

Ҳаҷми гардиши молии хориҷӣ дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 14,8 дарсад, ё 90,1 миллион доллар афзойиш ёфт

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik.  Тоҷикистон дар моҳҳои январ ва феврали соли ҷорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ба арзиши 700,5 миллион доллар гардиши молиро анҷом дод, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Бино ба иттилоъи ожонси омори Тоҷикистон, ҳаҷми гардиши молии хориҷӣ дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 14,8 дарсад, ё 90,1 миллион доллар афзойиш ёфт.

Дар ин муддат Тоҷикистон ба арзиши 556,9 миллион доллар коло ворид кард. Ҳаҷми содирот 143,6 миллион доллар буд. Таъодули бозаргонӣ 413,3 миллион доллар манфӣ буд.

Дар муқойиса бо моҳҳои январ-феврали соли 2019 ҳаҷми воридот 15,6 дарсад, ё 75 миллион доллар ва содирот 11,7 дарсад, ё 15,1 миллион доллар рушд кард.

Дар табодулоти молии ҶТ бо 80 кишвар воридот бар содирот бартарӣ дорад. Танҳо дар табодулоти молӣ бо 6 кишвар саҳми содироти Тоҷикистон аз воридот бартар аст.

Мавзӯъҳои асосӣ