22:28 31 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
2164 0 0

Аз 33 узви Маҷлиси миллӣ имрӯз 25 нафарашон интихоб гардида, дар назар аст, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 8 нафари боқимондаро таъйин кунад

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро Президент бо фармонаш таъйин мекунад.

Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллиро дар давоми як моҳи баъди интихоби аъзои он, Президенти Тоҷикистон даъват мекунад.

Тибқи қонунгузории кишвар, иҷлосияи якуми Маҷлиси миллиро узви синну солаш калонтарин мекушояд ва то интихоб шудани раиси Маҷлис онро роҳбарӣ мекунад.

Раиси Маҷлиси миллӣ аз ҳисоби аъзои он, тариқи овоздиҳии пинҳонӣ бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзо интихоб мегардад.

Узви Маҷлиси миллӣ ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад, ӯро ҳабс кардан, дастгир кардан, маҷбуран овардан, кофтуков кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир шуданаш дар ҷойи содиршавии ҷиноят. Узви Маҷлиси миллӣ баъди интихоб ё таъин шудан дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ  ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунад.

Дар гузашта иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ даъвати дуюм 17 апрели соли 2000, иҷлосияи якуми даъвати сеюм 15 апрели соли 2005, иҷлосияи якуми даъвати чорум 23 апрели соли 2010 ва иҷлосияи якуми даъвати панҷум 14 апрели соли 2015 бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон баргузор шуданд.

Мавзӯъҳои асосӣ