15:35 02 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.41
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
901 0 0

Ба иттилои КҲФ, дар аксар манотиқи ҷумҳурӣ омадани сел, боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо ва резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ аз эҳтимол дур нест

ДУШАНБЕ, 28 мар – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо истинод маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки рӯзҳои наздик ҳаво дар мамлакат тағйирёбандаву пурбориш мешавад.

Бар хабари манбаъ, дар аксар манотиқи ҷумҳурӣ омадани сел, боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо ва резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ аз эҳтимол дур нест.

Дар ҳамин ҳол, КҲФ ба шаҳрвандон ва меҳмонон тавсия медиҳад, ки дар чунин рӯзҳо аз машғул шудан ба моҳигирӣ худдорӣ кунанд.

Зимнан, кумитаи мазкур аз зери об мондани заминҳои кишт, пул ва садҳо ҳушдор медиҳад.

Обу ҳаво: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок ва барфу борон дар назар аст

Ба хотири пешгирӣ аз рух ҳолатҳои нохуш, кумита аз сокинон хоҳиш мекунад, ки саривақт ҷӯйборҳову каналҳои назди манзилӣ аз ҳар гуна хасу хасрӯба, сангу чӯбу лойқа тоза кунанд, то оби боронҳои шадид бе мамониат ба ҳамон маҷро ҷорӣ шавад ва ба хонаву ҳавлӣ ва заминҳо зарар нарасонад.  

 

Ҳамчунин, бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои нохӯш дар роҳҳои мошингард ва бахусус роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо КҲФ аз ронандагоне, ки мошинҳои сиёҳшиша доранд,  хоҳиш мекунад ҳаракатҳои шабонаро маҳдуд кунанд. Ҳама қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро риоя намоянд, бахусус дар рӯзҳои боронӣ, ки ҳаво ҳам ториктар аст, суръати ҳаракатро боло набаранд ва фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя намоянд.

Барчаспҳо:
ҳаво, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ