05:17 30 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1147 0 0

Садҳо човандозу тамошобин аз деҳоти шаҳру ноҳияҳои Деваштич, Шаҳристон ва Истаравшан барои иштирок дар мусобиқаи бузкашӣ ба деҳаи Далёни Боло рафтанд, аммо барои баргузории ин чорабинии наврӯзӣ иҷоза дода нашудааст

ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Бо сабаби баргузор нашудани бозии бузкашӣ, имрӯз садҳо човандоз тамошобин холӣ ва бе таасурот аз сойи деҳаи Далёни Болои ноҳияи Деваштич ба хонаҳояшон баргаштаанд.

Манобеъи Sputnik мегӯянд, дар ҳоле, ки барои баргузории ин мусобиқаи наврӯзӣ, масъулин ва сокинони ҷамоати Далёни Болои ноҳияи Деваштич чанд вақт омодагӣ медиданд, вале аз идораи човандозӣ ва аспдавонии ноҳия монеаи баргузории он шудаанд.

Сабаби манъи маъракаи бузкаширо масъулин ба хотири пешгирӣ аз эҳтимолияти паҳни маризии коронавирус шарҳ додаанд.

"Имрӯз сойи деҳаи Далёни Боло пур аз аспу човандозону тамошобинон буд. Човандозон ҳатто аз ноҳияҳои Шаҳристон ва шаҳри Истаравшан ташриф оварда буданд. Аммо баъди интизориҳои зиёд ба иштирокчиён гуфтанд, ки мусобиқаи бузкашӣ баргузор намешавад. Аз ин хотир ҳама холӣ ба хонаҳояшон баргаштанд", - гуфт як тамошобин аз Далёни Боло.

Иштирокчиёни мусобиқаи бузкашӣ мегӯянд, ба истиқболи Ҷашни Наврӯзи имсол инчунин чорабиниҳо дар як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор шудааст, вале ба чи далел масъулин барои баргузории мусобиқа дар деҳаи Далёни Боло иҷоза надодаанд барояшон ҳанӯз норавшан аст.

Ахиран рӯзи 23-уми март дар шаҳри Кӯлоб, 25-уми март дар шаҳри Душанбе ва рӯзи 28-уми март дар ипподроми ба номи Абдураҳим Ҷумъаев дар ноҳияи Б. Ғафуров мусобиқаи бузкашӣ ва асптозӣ ба истиқболи Ҷашни Наврӯз-2020 баргузор шудааст.

Барчаспҳо:
лағв, бузкашӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ