05:45 07 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
902920

Донишманди эронӣ ва устоди Донишгоҳи тарбияти мударрис аз сохти доруи дармони коронавирус дар Эрон хабар дод

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Масъуди Сулаймонӣ, донишманди эронӣ ва устоди Донишгоҳи тарбияти мударрис дар гуфтугӯ бо хабаргузории Форс эълон кардааст, ки доруи дармони коронавирус бо истифода аз ҳуҷайраҳои бунёдин сохта шудааст.

Вай таъкид доштааст, ки бисёре аз пизишкон аз шеваи бозхурди ин дору бар рӯйи бисёре аз беморон эъломи ризоят карданд.

Ҳамчунин ин донишманди эронӣ афзуд, доруи дармони коронавирус бар рӯйи бемороне, ки дар марҳилаи аввали гирифторӣ ба ин беморӣ қарор доранд, дар се марҳила нисбат ба дармони комили онҳо мусбат арзёбӣ шудааст.

Полетаев гуфт, чаро коронавирус то ҳол ба Тоҷикистон нарасидааст

Донишманд Сулаймонӣ зикр кардааст, ки ин дору дар фосилаи замонии 3 то 6 рӯз дар қолаби се марҳила метавонад беморони мубтало ба вируси коронаро дармон кунад.

Ёдрас мешавем, ки ахиран Русия эълон карда буд, ки роҳи табобати вируси COVID - 19 -ро пайдо кард.

Агентии федеролии био - тиббии Русия доруи муассир алайҳи маризии коронавирусро пайдо намуд. Доруи мазкурро пизишкони рус дар асоси доруи зидди табларза омода намудаанд.

"Доруи мазкур, ки таъсири баланд дорад, паҳншавии ин вирусро дар ҳуҷайраҳо манъ мекунад. Ҳамзамон таъсири мефлокуин авҷгирии илтиҳоби шуш, ки барангезандаи он ин вирус мебошад, пешгирӣ мекунад.  Илова кардани доруҳо ва пенисиллини синтетикӣ на танҳо ташаккули дуюмдараҷаи ин бемориро бозмедорад, балки роҳёфтани вирус ба хун ва шушро монеъ мешавад", - изҳор доштааст Вероника Сквортсова, роҳбари ин агентӣ.

Ба гуфтаи собиқ Вазири беҳдошти Русия, доруи мазкур қобилияти шикаст додани вазнинтарин ҳолати сироятёбӣ ба коронавирусро дорад.

Ёдрас мешавем, ки коронавирус, ки номи расмии он COVID-19 аст, охирҳои соли гузашта (2019) дар шаҳри Ухани Чин шиносоӣ шуд. Ин вирус акнун илова бар Чин ба беш аз 199 кишвари дигар аз ҷумла Эрон сироят кардааст.То кунун беш аз 621 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба бемории COVID-19, вобаста ба вируси корона мубтало шудаанд ва беш аз 28 ҳазору 700 нафар ҷон бохтаанд.

Барчаспҳо:
пайдо, дармон, дору, донишмандон, Эрон

Мавзӯъҳои асосӣ