03:44 07 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
564421

Коронавирус алакай дар 199 кишвар паҳн ёфтааст, аммо танҳо дар Тоҷикистон то имрӯз ягон ҳолати сироят ба ин вирус ба қайд гирифта нашудааст

ДУШАНБЕ, 30 мар - Sputnik, Марина Чернышова-Мелник.  Тоҷикистон то имрӯз яке аз кишварҳое ба шумор меравад, ки дар он ягон ҳолати сироят ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Коронавирус, ки аввалин бор дар Чин охири соли 2019 ба қайд гирифта шуда буд, алакай дар 199 кишвари ҷаҳон паҳн ёфтааст. Дар ҳоли ҳозир, тақрибан дар тамоми ҷаҳон 725 ҳазор нафар мубтало ба ин вирус шуданд ва беш аз 34  ҳазор нафар ҷони худро аз даст додааст.  

Тоҷикистон то ҳол аз ин вирусе, ки тамоми дунёро нигарону саргардон кардааст канор гирифтааст. Мардуми Тоҷикистон аз паҳншавии коронавирус дар ҷаҳон нигаронанд ва тавасути расонаҳои хабарӣ ҳамеша дар ҷараён ҳастанд.

Мардуми оддӣ ва мутахассисон суол медиҳанд, ки чигуна Тоҷикистон тавонист аз коронавирус худро нигоҳ дорад ва чӣ омилҳо сабаб шуд, ки коронавирус ба Тоҷикистон наомад.

Омилҳоеро, ки бештар дар забони мардум мегардад Sputnik Тоҷикистон ҷамъоварӣ намудааст.

Чандон маъруф нести, яъне саломат ҳасти

Тоҷикистон – як кишвари маҳдуд аст. Ин кишвар барои убуру мурури мардум имконият зиёд надошта, барои истироҳати сайёҳонӣ хориҷӣ начандон маъруф аст .

Ба кишварҳое, ки арзиши чиптаҳояш “мегазанд”, ва ба рекламаи соҳаи сайёҳӣ мбалағгузорӣ карда намешавад, сайёҳон кам ворид мешаванд. Ба ҳамин хотир ба Тоҷикистон парвозҳо мустақим кам аст. Парвозҳои чартерӣ умуман вуҷуд надорад. Ҳамин тавр ворид кардани вирус ба қаламрави Тоҷикистон нисбат ба кишварҳои Аврупо ва Амрикои шимолӣ мушкилтар аст. Хатари аслии паҳншавии коронавирус ин сайёҳони хориҷӣ мебошанд.

Агар теъдоди сайёҳони воридшуда ба Итолиё ва Тоҷикистонро муқоиса кунем, шумори сайҳони ҷумҳурӣ ночиз аст.  

Маҳз ҳамин маҳдуд будани Тоҷикистон, ин кишварро аз паҳншавии коронавирус нигоҳ доштааст. Ин дар ҳолест, ки коронавирус ҳатто дар қаламрави Қазоқистон,  Қирғизистон ва Ӯзбекистон, ки иқтисоди бузургтар доранду шумори сайёҳони хориҷӣ ду се баробар бештар аст, паҳн ёфтааст.

Ҳамчунин Тоҷикистон дур аз баҳру уқёнус ва масири нақлиёти байналмилалӣ аст. Марз бо Чинро зуд бастанд. Бастани транзит аз Қазақистон, инчунин амнияти минтақаро таъмин сохт.

Коронавирус – маризии мардуми сарватманд аст

Дигар омиле, ки бештар дар забони мардум аст, ин сафари нафарони сарватманд ба дигар кишварҳо ва қабули меҳмонони хориҷӣ будааст, ки метавонад ба паҳншавии коронавирус таъсири ҷиддӣ расонад.

Коронавирусро нафарони сарватманд меоранд. Шаҳрвандони Тоҷикистон ба хотири гарон будани нархи чипта марзро начандон зиёд убур мекунанд. Аксари мардуми Тоҷикистон дар хориҷи кишвар фаъолият доранд, ки дар як сол як ё ду маротиба ба Ватан бармегарданд.

На ҳама имконият доранд истироҳаташонро дар кишварҳои хориҷӣ сипарӣ кунанд. Бештар мардуми Тоҷикистон барои сайёҳат ба кишвари ҳамсоя, Ӯзбекистон мераванд. Ба ин кишвар онҳо метавонанд тариқи мошин ҳам бирасанд. Нархи баланди чипта ба фоидаи мардуми Тоҷикистон шуд.

Ба хотири сатҳи пасти беҳдошти коронавирусро ошкор кардан ғайри имкон аст

Махфи нест, ки  сатҳи имрӯзаи беҳдоштии Тоҷикистон аз сатҳи ҷаҳонӣ чандин маротиба, ҳам аз лиҳози беморхонаҳо ва мутахассисон пасттар аст.

Имкон дорад, ки дар Тоҷикистон ҳолатҳои мубтало ба коронавирус вуҷуд дошта бошад аммо хушбахтона то имрӯз ҳеҷ касе аз ин беморӣ ҷони худро аз даст надодааст.

Норасоии таҷҳизот ва тестҳо барои ташхис  имкон намедиҳад сари вақт ин бемориро ошкор намоянд. Тавре, ки маълум шудааст муддати дароз аломатҳои ин вирус дар вуҷуди инсон муайян намешудааст.

“Оё Тоҷикистон имконияти ошкор намудани ин гуна  маризиҳоро дорад? Агар дошта бошад то чӣ андоза онро дар бемористонҳо ба кор мебарад. Ин суоли муҳим аст. Агар истифода накуннад, оморҳо дар бораи гирифторон низ пешниҳод нахоҳад намешаванд”, таъкид доштааст вирусоологи рус Анатолий Алтштейн.

Мутахассиси дигари Русия Георгий Викулов таъкид доштааст, ки то имрӯз коронавирус дар 199 кишвари ҷаҳон паҳн ёфтааст.

“Ин ғайри имкон аст, ки дар бархе кишварҳо вирус паҳн ёфта бошаду дар кишварҳои ҳамсоя не. Ин вирус тавасути фазо паҳн меёбад. Хабарҳо аз мубтало шудани шаҳрвандони Ҳинд ва бархе аз кишварҳои Африқо дер ба чоп раисданд. Дар ин кишварҳо дар аввал намехостанд ин хабарҳо паҳн ёбанд, аммо баъд маҷбур шуданд. Ба ҳамин хотир, ман шак дорам, ки дар ҷаҳон кишваре монда бошад, ки дар он коронавирус набошад”, гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Виталий Зверев роҳбари пажуҳишгоҳи воксин ва дорувории ба номи И.И. Мечникова таъкид кард, ки дар Тоҷикистон бояд омори шуюи пневмонияро миёни мардум думбол кард.

“Агар дар Тоҷикистон ҳолатҳои маризиҳои инфексионӣ зиёд шуда бошад, ин алакай ишора ба он аст, ки коронавирус ба ин кишвар расидааст”,- гуфт вирусшиноси рус.

Тоҷикон ба коронавирус сироятнопазир ҳастанд

Ин омил ҳам миёни мардум бисёр маъмул аст. Бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки тоҷикистониҳо пешакӣ маризи грипп шуданд, ки ба ҳамин коронавирус шабеҳ буд.

Дар моҳи декабри соли гузашта марзиҳои зиёди грипп ба қайд гирифта шуда буд. Ҳоло, ки тамоми ҷаҳонро коронавирус фаро гирифтааст, Тоҷикистон дар минтақаи амн қарор дорад. Ҳамаи тоҷикистониҳо сироятнопазир ҳастанд.

Вазорати тандурустӣ пешакӣ чора андешид

Дар охири моҳи январи соли 2020, дар пайи аввалин хабарҳо дар бораи сар задани коронавирус дар Чин, мақомоти Тоҷикистон ҳамаи нафароне, ки ба ҷумҳурӣ ворид шуданд аз ташхис гузронд. Сипас умуман ворид шудани шахсони хориҷӣ ба Тоҷикистонро мамнӯъ карданд.

Чандин ҳазор нафаре, ки аз хориҷа ба Тоҷикистон омаданд ба таври ҳатмӣ ба карантини 14 рӯза равон карда шуданд. Чораҳои пешакӣ барои пешгирӣ такон ҷидди бахшид ва хавфи сироят ба маротиб кам шуд.

Дин ҳифз мекунад

Аксарияти мардуми Тоҷикистон мусалмон ҳастанд. Барои ҳар як фарди мусалмон фарз аст панҷ вақт дар як рӯз намоз бихонад. Ин қоида ба ҳами диндорон новобаста аз мақому сарватмандӣ воҷиб аст.

Пеш аз хондани намоз ҳар фарди мусалмон таҳорат мекунад. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистондар як рӯз чанд маротиба дасту рӯй ва бадани худро мешӯяд. Шустани дасту рӯй чанд маротиба дар як рӯз  имкон медиҳад аз вирус эмин бошӣ. Имрӯзҳо бо паҳншавии хабар дар бораи коронавирус мардуми Тоҷикистон дастони худро бо собун бештар мешӯянд.

Ҳазориспанд судманд дар муқобили коронавирус  

Ҳозоириспанд ба таври васеъ дар Тоҷикистон истифода мешавад. Бо ҳазориспанд хонаҳоро дуд карда, вирусҳоро нобуд мекунанд.

Ба гуфтаи пизишк Михаил Фаворов маҳз ҳамин ҳазориспанд мардумро дар эмин нигоҳ медорад.

“Чанд кишваре ҳаст, ки ҳоло коронавирус роҳ наёфтааст. Мо зиёд фикр кардем дар бораи сабабҳояш: шояд ҳавои хушк ва иқлими вижа ё ҳазориспанд бошад, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз замони қадим барои ҳимоя безараргардонӣ истифода мекарданд”,- гуфт Фаворов.

Ҳамин тавр дар бозорҳои Тоҷикистон фурӯши ҳазориспанд ва сир ба маротиб афзоиш ёфтааст.

Барчаспҳо:
қайд, сабаб, шарҳ, сироят, вирус, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ