03:56 30 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
175111

“Ҳилтон Душанбе Ҳотел” (Hilton Dushanbe Hotel), яке аз меҳмонхонаҳои маъруфи Тоҷикистон, фаъолияти худро муваққатан қатъ кард. Мудири кулли ширкат ин иқдомро бесобиқа хонд

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Маъмурияти “Ҳилтон” зимни як муколамаи катбӣ дар таъйиди ин хабар ба Sputnik-Тоҷикистон гуфт, дарҳои меҳмонхона ба он хотир баста мешавад, ки дар шаҳр сатҳи фаъолиятҳои соҳибкорӣ поён омада, парвозҳо лағв шудаанд.

Праздничный концерт в Худжанде
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

“Фарм Текс”: аҳолии Тоҷикистон дилпур бошанд, мо онҳоро бо ниқоб таъмин мекунем

Қаблан Павел Йиндра, мудири кулли “Ҳилтон Душанбе Ҳотел” зимни як баёнияи расмӣ баста шудани меҳмонхонаро ба шуйӯъи вируси COVID-19 дар ҷаҳон рабт дод, ки дар пайи он соҳаи ҷаҳонгардӣ ва тиҷорати меҳмонхонадорӣ осеб дидаанд.

Дар Эрон аз коронавирус 14 ҳазор нафар шифо ёфт

“Аз ин хотир, мо тасмим гирифтем, ки кори меҳмонхонаро аз 1 апрели соли 2020 муваққатан ба ҳолат таълиқ дароварем ва мутаассифона, наметавонем дархостҳои шуморо барои иқомат ва баргузории чорибиниҳо бипазирем. Авлавияти аслии мо сиҳати меҳмонон ва коркунони мо аст. Илова бар ин, дар ҳоле, ки як корхонаи масъули иҷтимоӣ ҳастем, тамоми талоши худро барои ҷилавгирӣ аз шуйӯъи вирус анҷом хоҳем дод. Мо аз ҳама мехоҳем, ки дар хона бимонанд ва иқдомоти меъёрии саломатии шахсиро риоят карда ва тамоми дастуруламалҳоеро, ки тавассути идораҳои давлатӣ ирсол мешаванд, пайравӣ кунанд”, - омадааст дар баёнияи мудири кулли “Ҳилтон Душанбе Ҳотел”.

 “Ҳилтон Душанбе Ҳотел” ба хонадони меҳмонхонаҳои “Ҳилтон”, як ширкати маъруфи амрикоӣ тааллуқ дорад ва дар Тоҷикистон дар биное ба фаъолият пардохт, ки қаблан ба ширкати дигари маъруфи амрикоӣ “Шератон” тааллуқ дошт.

"Шератон Душанбе" (Sheraton Dushanbe) марбути Starwood Hotels & Resorts Worldwide, яке аз ширкатҳои бузурги амрикоии тиҷорати меҳмонхонадорӣ буд, ки аввалин меҳмонхонаи худро дар Осиёи Миёна соли 2014 маҳз дар Душанбе боз кард.

Бинои он ба маблағи $55 доллар аз сӯи ширкати ҳиндии СHL сохта шуда, 148 утоқи навъи гуногун дорад. Дар маросими кушодашавии он гуфта шуд, дар меҳмонхона 180 нафар кор хоҳанд кард, ки 95% - и онҳо шаҳрванди Тоҷикистон хоҳанд буд.

 Рӯшан нест, ки чӣ тавр соли 2017 "Шератон Душанбе" ба “Ҳилтон Душанбе Ҳотел” табдили ном кард. Ва ба ин суол, ки ҳоло дар ширкат чанд нафар кор мекунад ва ҳуқуқи онҳо дар замони қатъи муваққатии фаъолияти меҳмонхона чӣ гуна муроот хоҳад шуд, маъмурияти “Ҳилтон” посухе надод. Аммо мудири кулли “Ҳилтон Душанбе Ҳотел” дар баёнияаш гуфтааст, ки вазъияти кишвар ва ҷаҳонро, ки марбут ба шуйӯъи “вируси корона” аст ва ҳамчунин иттилоот дар бораи азсаргирии парвозҳо ва фаъолияти комили ширкатҳоро аз наздик пайгирӣ хоҳанд кард.

“Дар аввалин беҳбудиҳои шароит мо мутмаиннан шуморо аз оғози кор мутталеъ хоҳем кард ва аз истиқболи шумо дар чаҳордевори меҳмонхона хушҳол хоҳем шуд. Мо як иқдоми бесобиқаеро рӯи даст гирифтем ва аз пуштибониву дарки шумо сипосгузорем”, - гуфтааст Павел Йиндра.

Барчаспҳо:
Душанбе, ширкат, муваққат, маъруф, меҳмонхона, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ