14:59 02 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.55
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
71610

Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе эълон намудааст, ки имрӯз ба сабаби гузаронидани корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе маҳаллаҳои пойтахт барқ хомӯш мешавад

ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Имрӯз бинобар сабаби гузаронидани корҳои таъмирию профилактикӣ, як қисми маҳаллаҳои Сино дар шаҳри Душанбе бе неруи барқ мемонанд.

Ба иттилои Шабакаҳои барқии шаҳрӣ, неруи барқ аз соати 09:00 то 16:00 маваққатан хомӯш карда мешавад.

"Бе неруи барқ кӯчаҳои Зафар, Испечак ва маҳаллаҳои Лучоби боло ва поён  мемонанд", - омадааст дар хабар.

Барқкушӣ дар вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ :"Барқи Тоҷик" сабабашро гуфт

Гуфта мешавад, вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз мӯҳлати нишондодашуда пайваст  карда мешавад.

 

Дар ҳамин ҳол, манбаъ ёдрас шудааст, ки маҳдудияти нерӯи барқ муваққатӣ буда, сабаби он таъмири таҷҳизоти энергетикӣ, хатҳои калони интиқоли барқ ва санҷиши ҳолати коршоямии онҳо мебошад.

Барчаспҳо:
барқ, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ