04:00 07 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (500)
110010

Шурӯъ аз имрӯз, 31 март, вазорати адлияи Тоҷикистон мулоқотҳои кӯтоҳмуддату дарозмуддат ва дастрасии зиндониён ба дастовезҳои наздиконашонро муваққатан қатъ кард

ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Мансурҷон Умаров, муовини вазир ва сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии вазорати адлияи Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин тасмим ба хотири ҷилавгирӣ аз шуйуъи "вируси корона" дар зиндонҳои кишвар гирифта мешавад.

Вай афзуд, густариши ин вирус дар зиндонҳои Тоҷикистон паёмадҳои ногувореро дар пай хоҳад дошт ва ин тасмим ба хотири ҳифзи саломатии маҳсубон гирифта мешавад.

"Ин як ҷузъи маҷмӯаи тадобирест, ки бо дастури раҳбарияти олии кишвар вазорати адлия рӯйи даст гирифтааст. Мо ниқобҳои пизишкии вежа ё респераторҳоро байни зиндониён, кормандон ва муҳофизони маҳбасҳо таҳия ва тавзеъ кардем. Дар зиндонҳо корҳои профилактикӣ ва зиддиуфунӣ (дезинфексия) кардан анҷом дода шуд. Дастгоҳҳои ҳароратсанҷро низ харидорӣ карда, дар ихтиёри кормандони тиббии зиндонҳо гузоштаем, ки сари вақт онҳоро муоина кунанд ва барои қарантина кардани афроди машкук маконҳои махсусро низ таҳия намудем", - гуфт Мансурҷон Умаров.

Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, танҳо ҳомили вирус ба зиндонҳои Тоҷикистон кормандони онҳо буда метавонанд, ки бо олами берунӣ робита доранд ва эҳтимоли сироятшавиашон зиёд аст.

"Мо фикри инро ҳам кардаем. Агар корманд камтарин нишонаи ҳар гуна маризии монанд ба "вируси корона" – ро нишон диҳад, ӯро аслан намегузорем, ки вориди зиндон шавад", - гуфт Мансурҷон Умаров.

Марги ногаҳонаи Ҳусейн Абдусамадов, роҳбари ҳамлагарон ба сайёҳони хориҷӣ дар зиндон

Зиндонҳо дар саросари ҷаҳон ба яке аз хатарноктарин маконҳои шуюъи "вируси корона" табдил ёфтаанд. Ба гунаи мисол, ҳукумати Эрон ба хотири ҳифзи ҷони зиндониён ҳудуди 100 ҳазор нафари онҳоеро, ки ҷурмҳои сабук доранд, озод кард. То ба ҳол Амрико 1700, Судан - 4000 ва Баҳрайн ҳудуди 900 зиндониро раҳо ё авф намуданд.

Мавзӯъи раҳоии зиндониён дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла Ҳинд, Покистон, Афғонистон, Туркия, Олмон, Испания, Ирландия ва дигар кишварҳои ҷаҳон таҳти баррасии мақомоти зидахл аст. Расонаҳо аз шӯришҳои зиндониён дар Италия ва гаравгонгирии зиндонбонон низ хабар дода буданд.

Мансурҷон Умаров гуфт, мақомоти марбутаи Тоҷикистон вазъи тамоми кишварҳои ҷаҳонро пайваста пайгирӣ доранд ва аз таҳаввулот огоҳанд, аммо раҳоии зиндониён дар ҳоли шуюъи "вируси корона" ба Додситонии кул, Суди Олӣ ва дигар мақомоти зидахл рабт дорад.

"Аммо агар чунин вазъ ва масъала ҳам пеш ояд, ҳатман мавзуъ миёни ниҳодҳои зирабт ба миён гузошта ва баррасӣ мешавад. Ҳоло дар ин маврид суҳбат кардан барвақт аст. Худо мегӯем, ки чунин вазъ пеш наояд", - гуфт сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии вазорати адлияи Тоҷикистон.

Тоҷикистон дар баробари Туркманистон дуввумин кишвари Осиёи Марказӣ ва ИДМ аст, ки то ба ҳол мавриди гирифторӣ ба "вируси корона" – ро таҷриба накардааст.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (500)

Мавзӯъҳои асосӣ