11:19 07 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (500)
1141 0 0

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, айни ҳол 4077 нафар дар беморхонаҳои сироятии мамлакат дар карантин қарор доранд

ДУШАНБЕ, 1 апр - Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то имрӯз, 31 марти соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки аз 1 феврал то 31 марти соли равон 6222 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шудаанд.

Чаро дар Тоҷикистон коронавирус нест?: шарҳи чанд сабаб

Аз ин шумора то рӯзи зикргардида 2145 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 4077 нафарашон дар беморхонаҳои сироятии мамлакат дар карантин қарор доранд.

Ёдрас мешавем, ки созмони ҷамъиятии "Нур" овозаҳои гирифтории се муҳоҷири тоҷик ба коронавирусро беасос хонд.

Созмони "Нур" хабари ошкор шудани се ҳолати коронавирус миёни тоҷикони Маскавро рад кард

Броимшо Маҳмадшоев дилпизишк ва ёвари тиббии Созмони "Нур", рӯзи 29 март дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, то ҳол миёни муҳоҷирони тоҷик дар Маскав ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (500)
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ, вирус, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ