09:00 20 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
97101

Тибқи иттилои ахири Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба коронавирус ё COVID-19 ба беш аз 935 ҳазор нафар расида, теъдоди шифоёфтагон аз 194 ҳазор кас ва фавтидагон аз 47 ҳазор тан гузашт

ДУШАНБЕ, 2 апр - Sputnik. Созмони ҷаҳонии беҳдошт хабар додааст шумуори мубталоён ба коронавирус дар кишварҳои ИДМ ба 5 781 нафар расид. Сирояти бештар ба коронавирус дар Русия ба қайд гирифта шудааст. Шумори сироятёфтагон дар Русия ба 2777 нафар расидааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати тандурустӣ.

“Ба ҳолати субҳи 2 апрел дар кишварҳои ИДМ, аз ҷумла дар Русия 2777 ҳолат, Украина – 794, Арманистон – 571, Молдова – 423, Қазоқистон – 402, Озарбойҷон – 359, Беларус – 163, Ӯзбекистон – 181 ва Қирғизистон — 111 ҳолати сироятёбӣ тасдиқ ёфт”, иттилоъ додааст СҶБ.

Ҳамзамон СҶБ таъкид доштааст, ки дар ҳамаи ин давлатҳо шумораи беморони шифоёфта низ рӯз аз рӯз меафзояд.

То кунун дар Русия 190 нафар, Беларус — 53, Арманистон — 31, Озарбойҷон — 26, Қазоқистон — 26, Молдова — 23, Украина – 13, Ӯзбекистон – 12 ва Қирғизистон — 3 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.

Дар баробари ин, дар Русия 24 ҳолат, Украина – 20, Озарбойҷон – 5, Молдова – 5, Арманистон – 4, Қазоқистон — 3, Ӯзбекистон — 2 ва Беларус — 2 ҳолати фавти беморони гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Инчунин СҶБ қайд намудааст, ки миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Аммо дар кишвари ҳамсоя Афғонистони шумораи мубталоён ба коронавирус зиёд шуда, ба 237 нафар расидааст. То ҳол танҳо панҷ нафари онҳо шифо ёфта, чор тани дигар ҷон бохтанд.

Дар ҷаҳон аз рӯи шумораи нафароне, ки ба ин вирус мубтало шудаанд, Амрико дар ҷои аввал қарор дорад. Теъдоди мубталоён дар ин кишвар ба 215 ҳазору 175 нафар расидааст.

Италия дар ҷои дуюм буда, дар он то имрӯз 110 ҳазору 574 ҳолат ба қайд гирифта шудааст. Италия мамлакати аврупоиест, ки дар он шумораи фавти баланд аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, он 13 ҳазору 155 нафарро ташкил медиҳад.

Испания аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷои сеюм қарор гирифта, дар он 104 118 нафар мубталои коронавирус шудаанд.

Шумораи зиёди сироятҳо ҳамчунин дар Чин — 81 554, Германия — 77 981, Франсия — 56 989, Эрон — 47 593, Британияи Кабир — 29 474, Швейтсария — 17 768, Туркия – 15 679, Белгия – 13 964,  Нидерланд – 13 614,  Австрия – 10 711, Кореяи Ҷанубӣ — 9 976 ва Канада – 9 731 ба қайд гирифта шудааст.

Аз ҳама бештар  дар Чин — 76 238 нафар, Испания — 22 647, Германия — 18 700, Италия — 16 847, Эрон — 15 473, Франсия — 10 935, ИМА — 8 878, Кореяи Ҷанубӣ — 5 828, Швейтсария — 2 967    ва Белгия — 2 132 нафар беморон шифо ёфтаанд.

Ба даҳгонаи давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, Италия (13 155 нафар), Испания (9 387), ИМА (5 110), Франсия (4 032), Чин (3 312), Эрон (3 036), Британияи Кабир (2 352), Недерланд (1 173), Германия (931) ва Белгия (828) дохил мешаванд.

Тибқи иттилои СҶБ, дар ҳоли ҳозир 200 кишвар ба коронавирус ё COVID-19 рӯ ба рӯ шудааст.

Барчаспҳо:
фавт, теъдод, гирифторон, вирус, Созмони ҷаҳонии беҳдошт

Мавзӯъҳои асосӣ