04:23 30 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
868007

Ширкати мухобиротии Tcell бо ирсоли паёмак (смс) ба муштариёни худ хабар додааст, ки сар аз санаи 11-уми апрел нархи хизматрасонии алоқаи мобилӣ ва интернет боло бардошта мешавад

ДУШАНБЕ, 2 апр -Sputnik. Ширкати Tcell бо ироаи паёмаки телефонӣ ба муштариёни худ аз ивази тарофаҳо ва баланд шудани арзиши хизматрасониҳои он хабар додааст.

Бино ба хабари ин ширкат, ки имрӯз ба телефонҳои мобилии сокинон равон карда шудааст, гуфта мешавад, ки минбаъд ба нархномаи муоиширати телефонӣ ва ҳам қимати хизматрасонии интернет тағйироти нав ҷорӣ карда мешавад.

“Муштарии муҳтарам, ба таваҷҷуҳи Шумо мерасонем, ки аз 11. Апрели соли 2020 тарофаи Шумо ба тарофаи “Аввалин 2016” иваз мегардад. Арзиши як дақиқаи занги баромад дар дохили шабака -20 дирам, зангҳо ба операторҳои дигар -30 дирам, 1 Мб Интернет- 30 дирам. Инчунин, нархи хизматрасониҳои иловагии “Интихоби ман” ба 6 сомонӣ ва “Диёри ман” ба 7 сомонӣ тағйир меёбанд”, - омадааст дар паёмаки ширкати Tcell.

То ин вақт бахши аъзами муштариён ба далели арзон будан аз дигар тарофаҳо бо пардохти 3,5-5,5 сомонӣ барои ҳар ҳафта аз “Интихоби ман” истифода мекарданд, вале минбаъд барои ин намуд хизматрасонии мобилӣ маблағи бештар пардохт хоҳанд кард.

Зимнан ин ширкат яке аз пурнуфузтарин ширкатҳои мобилии дар миёни Babilon, Beeline ва Megafon дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ширкати Tcell сабаби боло бурдани ҳаққи хизматрасониҳояшро зимнан шарҳ надодааст.

Барчаспҳо:
интернет, алоқа, алоқаи мобилӣ, хизматрасонӣ, нарх, нарх, кам шудани муштариёни интернет, Тоҷикистон, мобилӣ

Мавзӯъҳои асосӣ