04:11 09 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
2144 0 0

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба суол дар бораи хиёнаткории ҳамсар посух дода, роҳҳои шаръии исботи онро баён доштаст. Ин ниҳод таъкид кард, ки зинои волидон озори фарзандон дар пай дорад

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Салоҳиддин, як корбари сомонаи Шӯрои уламо аз ин ниҳод суол кардааст, ки агар зан бо каси дигар ҳамхоба шавад, талоқ мешавад ё на.

“Агар зан қасам хӯрад, ки “агар бо дигар касе ҳамхоба шуда бошам, фарзандонам бимиранд, Худо ва Қуръон маро занад”, вале далелҳо нишон медиҳад, ки ин зан дурӯғ мегӯяд, аз нигоҳи шариат оқибати ин гуна зан чӣ мешавад?”, - суолгузорӣ кардааст Салоҳиддин.

Ба суоли якум Шӯрои уламо посух додааст, ки ба сабаби зино кардан талоқ воқеъ намешавад.

Ин ниҳод инчунин ду роҳи шаръии исботи зинои ҳамсарро гуфтааст. “Зино ба иқрори худи ӯ ё ба вуҷуди шоҳидон исбот мешавад”, - таъкид шудааст дар посух.

Шӯрои уламо афзудааст, ки агар зан дидаю дониста, қасдан қасам хӯрда бошад, гунаҳкор мешавад

“Набояд фаромӯш кард, ки зино бебаракатию наҳсӣ ва дар зиндагии оянда озору азияти фарзандонро ба бор меорад”, - ҳушдор дод Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон.

Барчаспҳо:
зинокор, фатво, Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ