05:02 05 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.56
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
283620

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз зимни суҳбати телефонӣ бо ҳамтои ӯзбекистонияш мубориза бо пандемияи коронавирусро баррасӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik.  Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев зимни суҳбати телефонӣ, масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба, инчунин масъалаҳои марбут ба паҳншавии глобалии коронавирусро баррасӣ намуданд, хабар дод котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Роҳбарони ду давлат тасмим гирифтаанд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи кумаки мутақобила ва дастгирӣ дар мубориза бар зидди пандемия пурзӯр карда мешаванд.

"Дар ин робита, қарор шуд, ба сарвазирони ду кишвар супориш дода мешавад, ки дар мубориза бар зидди паҳншавии коронавирус чораҳои муштарак андешида, ҳамкориро дар соҳаи тиҷорат ва ҳамгироии иҷтимоию иқтисодӣ тақвият бахшанд", - омадааст дар иттилоияи котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Ин суҳбат дар ҳолест, ки Шавкат Мирзиёев имрӯз бо як муроҷиатномаи видеоӣ ба мардум хостори риояи қоидаҳои гигиению санитарӣ шуда, як қатор сабукиҳои навро ба шаҳрвандони зарардида аз пандемия ироа кард. Сабукиҳо аз ҷумла дар пардохти андоз ва қарзҳои бонкӣ ироа мегарданд.

Ӯ инчунин дастур дод, ки  афроди танҳою маълул ройгон бо маводи ниёзи аввал ва гигиенӣ таъмин гарданд. Мирзиёев гуфт, ҳар нафар масъули ҳимояи шаҳр, маҳалла, оила ва худ аз коронавирус буда, бояд тозагӣ риоя гардад.

Раисиҷумҳури Ӯзбекистон Ҷопонро далел овард, ки сарфи назар аз зичии зиёди аҳолӣ ба далели риояи қоидаҳои гигиенӣ ноил шуд, ки аз паҳншавии оммавии коронавирус ҷилавгирӣ кунад. 

Шавкат Мирзиёев дар охири муроҷиатномааш ба мардум дуо кард, ки Худо мардуми Ӯзбекистон ва тамоми ҷаҳонро аз  офати коронавирус халос кунад.

Барчаспҳо:
суҳбат, Ӯзбекистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ