07:49 05 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.56
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
265 0 0

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо ирсоли барқия аз масъулини ҳамаи ширкатҳои мусофиркашонӣ тақозо намудааст, ки пеш аз сафар, дару тиреза ва салони автобусу микроавтобусҳои мусофирбарҳоро бояд бо маҳлулҳои кимиёвӣ безарар гардонанд

ДУШАНБЕ, 4 – апр Sputnik. Ин дастури вазорат бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии эҳтимолии бемории корона ё COVID -19 буда ва ҳолати иҷрои онро раёсату шӯъбаҳои нақлиёт дар шаҳру ноҳияҳо ба назорат мегиранд.

Қарори Рустами Эмомалӣ: дар Душанбе  тадобир барои пешгирии коронавирус пурзӯр мегардад 

Мирислом Комилов, муовини сардори Раёсати муассисаи давлатии нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ дар вилояти Суғд дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҷараёни корҳои санитарии дохили мусофирбарҳо назорат мешаванд.

"Мо рӯзи гузашта ба шаҳри Панҷакент сафар карда бо ронандаҳо, роҳбарони ширкатҳои мусофиркашонӣ ва масъулини соҳа дар бораи дастури қатъии вазорати нақлиёт оид ба безараргардонӣ - "дезинфексия"- и дохили воситаҳои нақлиёт, корҳои фаҳмондадиҳиро гузаронидем. Дар дигар шаҳру ноҳияҳо ҳам дар ин бора корбарӣ доранд", - афзуд Комилов.

Малик Партобов, муовини сардори Хадамоти давлатии танзим дар соҳаи нақлиёт дар Суғд таъкид намуд, ки ба ҳисоби ҳолати техникӣ, онҳо шароити санитарии нақлиётҳои мусофирбариро муоина мекунанд.

"Ҳоло кормандони мо дар ҳар шаҳру ноҳияҳо ба нуқтаҳои диспечерии ин ширкатҳо рафта, ҳолати санитарии дохили воситаи мусофирбарҳоро, ки чи гуна пеш аз сафар бо хлор ва дигар маҳлулҳои кимиёвӣ безарар гардонида мешаванд, назорат мебаранд", -  гуфт Партобов.

Зимнан, корхонаҳои воҳиди давлатӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Душанбе ҳаракати шуморе аз автобусҳои мусофирбариро роҳандозӣ кардаанд. Дар дигар шаҳру навоҳии кишвар хизматрасонии мусофирбарӣ пурра ба зимаи ширкатҳои нақлиёти хусусӣ вогузор аст.

Барчаспҳо:
дастур, вазорати нақлиёт, автобус

Мавзӯъҳои асосӣ