Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

“Вирус нест”: “қарантини мардумӣ” дар Ҷаббор Расулов

© Sputnik / Магда Гибелли / Гузариш ба медиабонкДезинфекция больницы
Дезинфекция больницы  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ марги як нафар ва қарантина кардани пизишкону сокинони ноҳияи Ҷаббор Расуловро таъйид, аммо мавриди гирифторӣ ба “вируси тоҷдор” – ро рад кард

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Маъруф Ҳоҷибоев, муовини сардори Раёсати тандурустии Суғд, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, воқеан як марди солхӯрда дар ноҳияи Ҷаббор Расулов фавтидааст ва ба хотири итминони хотир афроди бо ӯ дар тамосбуда, аз ҷумла пизишкони ноҳия, дар умум 13 нафарро таҳти қарантина гирифтаанд.

 “Мо таҳлилҳои он одамро гирифтем, манфӣ буд. Дубора аз нусхаи боқимонда таҳлил гирифтем, боз манфӣ баромад. Он чӣ он одам дорад, ҳеҷ алоқамандие ба эпидемиологияи “вируси тоҷдор” надорад. Он гапҳое, ки гуфтаанд, ҳеҷ ба ҳақиқат рост намеояд”, - гуфт Маъруф Ҳоҷибоев.

Ба гуфтаи ӯ, фарди фавтида бемории фишорбаландӣ, дигар бемориҳои ҳамрадиф, норасоии кори нафас, мушкили дил дошт.

Сомони и доллары, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон барои пешгирӣ аз коронавирус суратҳисобҳо кушода шуданд

Вай афзуд, норасоии кори нафас хоҳ – нохоҳ ба пневмония меорад ва ҳам он кас аденамия доштааст, ки дар ҳолати дар як ҷо хоб кардан ва беҳаракатии фарди солхӯрда ба вуҷуд меояд.

Қаблан дар расонаҳои хабарӣ хабар дода шуд, ки дар пайи фавти як сокини деҳаи Қӯрғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов наздикон ва пизишконе, ки ӯро табобат кардаанд, таҳти қарантина гирифта шудаанд. Ин расона гуфтааст, ҳамаи онҳо таби баланд доранд ва вазъи Алишер Абдукаримов, муовини сардухтури бемористони маркази ноҳияи Ҷаббор Расулов вазнин арзёбӣ мешавад.

Муовини сардори Раёсати тандурустии Суғд мегӯяд, бо Алишер Абдукаримов, муовини сардухтури ноҳияи Ҷаббор Расулов дар тамоси доимӣ ҳастанд ва ҳолати ӯ қаноатбахш буда, ягон вазъи ногувор надорад.

Дар бораи афроде, ки таҳти қарантина гирифта шудаанд, Маъруф Ҳоҷибоев гуфт, ҳангоми гардишҳои хонагӣ чанд мавриди баландшавии ҳарорати бадан ва илтиҳобро маълум намуда, 13 нафар, онҳоеро, ки вазъашон ташхису таҳлили бештарро тақозо мекард, ба шифохонаи сироятии вилояти Суғд интиқол додаанд.

Новая мечеть в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустӣ: дар Тоҷикистон коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

“Навъҳои зукоми мавсимӣ ҳам хусусияти гузарандагӣ доранд. Як нафар дар оила гирифтор шавад, ба атрофиён мегузаронад. Онҳоеро, ки ҳарорати баланд доштанд, ба шифохонаи сироятӣ бистарӣ кардем, онҳоеро, ки бо онҳо тамос доштанд, таҳти қарантина қарор додем. Ҳамаи таҳлилҳоеро, ки гирифтем, манфиянд”, - гуфт муовини сардори Раёсати тандурустии Суғд.

“Қарантинаи мардумӣ” дар пайи интишори ин хабар сокинони деҳоти атрофи Қӯрғонча тасмим гирифтаанд, ки худро қарантина кунанд. Раҳмиддин Юсуфов, як сокини деҳаи “Тоҷикобод” ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, вақте ин хабар паҳн шуд, бузургсолони деҳа ҷамъ омада, тасмим гирифтем, ки дарҳои деҳаро батамом бандем:

“Деҳаи Қӯрғонча аз мо дур нест. Мо бо ин деҳа, ки умдатан бародарони ӯзбекамон зиндагӣ мекунанд, робитаҳои наздик дорем. Аз ин хотир, тасмим гирифтем то маълум шудани ҳақиқати ҳол роҳҳои даромади деҳаро бандем”, - гуфт Раҳмиддин Юсуфов.

Як сокини деҳаи Қӯрғонча, ки нахост номашро зикр кунем, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин хабар мардуми деҳаро сахт ошуфта кардааст. Вай гуфт, фарди фавтида муллои деҳа буданд ва ҳудуди ним моҳ пеш ба як маърака ба Қирғизистон рафта, баргашта буданд.

Город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустӣ: дар Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

 “Вақте ки баргаштанд, мариз шуданд. Аввал, дар хона он касро табобат карданд. Вақте нашуд ба шифохонаи ноҳия бурданд ва он ҷо вафот карданд”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Ҳамсӯҳбатони Sputnik-Тоҷикистон хабари қарантина шудани шифохонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расуловро таъйид карда, мегӯянд, воқеан, он таҳти назорати мақомоти корҳои дохилӣ қарор дорад. Як манбаъ дар вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, мардум бояд огаҳ бошанд, ки дар ҳоли пайдо шудан дар ин ё он маҳал “вируси тоҷдор” ба зудӣ паҳн ва аз назорат хориҷ мешавад.

 “Агар ин одам даҳ рӯз боз мариз бошад, ҳоло тамоми деҳа сироят меёфт ва аз деҳа мегузашт ба деҳоти атрофи ноҳияву дигар кунҷу канори вилоят ва афроди аз онҳо сироятёфта онро интиқол медоданд ба дигар навоҳии ҷумҳурӣ, чун мардуми деҳа дар ин муддат минҳайси ҳомили ин вирус ҳатман ки сафар доштанд. Аз ин хотир, мардум набояд ба чунин овозаву ахбор, балки иттилои расмӣ бовар кунанд, зеро ин гап як гапи шӯхӣ нест”, - афзуд ӯ.

Ин манбаъ гуфт, бо ин вуҷуд, санадҳои марбут ба маризии фарди фавтида дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба Душанбе хоста шудаанд, то бори дигар ташхис шаванд.

Лентаи хабарҳо
0