05:04 07 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (500)
2432 0 0

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабару овозаҳои сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар робита ба марги як марди 60-сола дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва бистарӣ шудани 11 табибу парасторе, ки ӯро муолиҷа мекарданд, шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар як баёния таъкид доштааст, ки то имрӯз, 6 апрели соли равон дар Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳамзамон манбаъ қайд намудааст, ки субҳи имрӯз, 6 апрели соли  равон вобаста ба вазъи эпидемиологии вилояти Суғд Фаррух Мақсудзода, сардори Раёсати тандурустӣ  гузориш дод.

“Тибқи маълумотҳои ахир вазъи эпидемиологӣ дар вилоят муътадил буда, ҳолати онҳое, ки дар муассисаҳои тандурустии вилоят дар карантин қарор доранд, мусбӣ мебошад. Ҳарчанд ки дар миёни  бистаришудагон нафарони бо ҳарорати баланд низ дарёфт карда шудааст, вале ташхис нишон дод, ки дар онҳо нишонаҳои сироятёбии коронавирус дида намешавад”, - таъкид доштааст манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, манбаъ фавти як марди 60-соларо дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов, дар пайи ташхиси илтиҳоби шуш ё пневмония тасдиқ кард.

Бино ба иттилои манбаъ, пеш аз фавт аз ин мард ташхиси коронавирус гирифта шудааст, ки натиҷаи он манфӣ баромадааст.

“Бинобар ин, бо сабаби сирояти коронавирус фавтидани ӯ асоси воқеӣ надорад”, - таъкид кардааст, вазорат.

Дар ҳамин ҳол, Алишер Абдукаримов, муовини сардухтури бемористони марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов  дар суҳбат гуфт, айни замон вазъи саломатияш хуб аст. Номбурда аз нашри хабарҳо дар мавриди он ки гӯё вазъи саломатияш вазнин  мебошад, изҳори нигаронӣ намуд.

Алишер Абдукаримов гуфт, ба карантин фаро гирифтани ӯ ва дигар табибон на танҳо аз он сабаб аст, ки онҳо бо ин марди фавтида сари кор доштанд, балки тибқи қоида ҳар табибе, ки бо нафарони дар карантин буда хизмат мерасонад, 14 рӯз низ ба карантин фаро гирифта мешавад.

Вазорати тандурустӣ зикр намудааст, ки айни замон озмоишгоҳҳои кишвар барои муайян намудани сирояти коронавирус ва нишонаҳои он пурра омодаанд.

Ҳоло дар озмоишгоҳҳои кишвар 25 ҳазор тестҳо ҷиҳати муайян намудани коронавирус мавҷуд мебошанд, ки то имрӯз ба наздики 3 ҳазор нафар шаҳрвандон аз ташхиси тестии коронавирус гузаронида шудаанд, ки ҷавоби ҳамаи онҳо манфӣ баромадаанд.

Аз ин шумора 22 ташхис ба Лондон ва 9  ташхиси дигар ба Москва равон карда шуда буданд, ки натиҷаи онҳо низ хушбахтона, манфӣ баромадааст.

Вазорати тандурустӣ аз сокинони Тоҷикистон хоҳиш кардааст, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ вобаста ба  гирифтор шудани шаҳрвандон ба сирояти коронавирус бовар накунанд.

Бо мақсади дастрасӣ доштани аҳолӣ ба маълумоти расмӣ, вобаста ба масъалаҳои коронавирус дар назди вазорат таҳти рақами 511 телефони боварӣ таъсис дода шудааст.

Тибқи  маълумоти вазорат аз 1 феврал то  6 апрели соли равон 7041 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд.

Аз ин шумора то санаи зикргардида 4291 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 2750 нафарашон дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои  мамлакат дар карантин қарор доранд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (500)
Барчаспҳо:
вирус, муолиҷа, табиб, Ҷаббор Расулов, беморхона, мард, шабакаҳои иҷтимоӣ, вазоратхона, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ