04:29 07 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1579 0 0

Эмомалӣ Раҳмон баъди ошноӣ бо ҳолати нашъунамои гулҳо ва дарахтон дар боғҳои пойтахт ба Рустами Эмомалӣ ва роҳбарони боғҳои фарҳангию фароғатӣ ҷиҳати боз ҳам зебо гардонидани кӯчаю хиёбонҳо дастуру супоришҳо дод

ДУШАНБЕ, 6-апр Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон  бо Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе  имрӯз дар боғҳои фароғатии пойтахт гаштугузор карда, бо нашъунамои гулу дарахтон шинос шуданд. Ҳамчунин, раисиҷумҳур дар барномаи телевизионӣ ширкат кард.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, зимни боздид аз боғҳо, Раҳмон бо ҳолати парваришу нигоҳубини гулҳо ва дарахтони нодири ороишӣ шинос шуда, ба масъулини муассисаҳои фароғатӣ барои тозаю озода нигоҳ доштани онҳо дастуру ҳидоятҳо додааст.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат, бахусус пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе даҳҳо адад боғҳои замонавии фарҳангию фароғатӣ таъсис ёфтанд, ки имрӯзҳо макони сайру тамошои шаҳрвандон гардидаанд.

Котибот мегӯяд, аз ҷумла, Боғи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Куруши Кабир, Аҳмади Дониш, Алишер Навоӣ, Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ, Ҷавонон, Наврӯзгоҳ, Хайём ва Восеъ бо ҳидоятҳои президент таъсис ёфта, боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Ирам, Кӯли ҷавонон, Боғи кӯдакон, Ғалаба, гулгашти назди бинои Иттифоқи нависандагон ва дигар хиёбонҳо баъди навсозӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Сайри гули лола

Тавре ба ҳамагон маълум аст, чанд рӯз пеш дар саросари мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии “Сайри гули лола” ҷамъбаст гардид ва беҳтаринҳо аз рӯи бахши беҳтарин гулгашт, беҳтарин боғҳои фарҳангу фароғатӣ ва беҳтарин композитсияи гулҳо муайян гардиданд.

Дар самти беҳтарин композитсияи гулҳо барои саҳми арзанда дар ободонию хуррамгардонии пойтахт Боғи Аҳмади Дониш бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сазовор гардид.

Барои назаррабо кардани боғ аз ҷониби кормандони ин муассиса қариб як миллион дона гули лола шинонида шуд.

Фаввораҳо, роҳравҳои гулпӯш, чароғҳои ранга, нишастгоҳҳо, дарахтони нодири ба саломатии инсон фоидаовар аз ороишоти асосии боғи Аҳмади Дониш ба ҳисоб мераванд.

Боғи мазкур бо ҳидояти  Эмомалӣ Раҳмон “Аҳмади Дониш” номгузорӣ шуда, соли 2018 бо иштироки бевоситаи Президенти мамлакат мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Боғи мазкур дар майдони қариб 3 гектар бо саҳми Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” сохта шуд.

Дар озмуни “Сайри гули лола” дар бахши беҳтарин композитсияи гулҳо Боғи ба номи устод Рӯдакӣ ҷойи дуюм ва Боғи ба номи Куруши Кабир ҷойи сеюмро ишғол карданд.

Ҳамчунин, имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои гулҳо дар боғи ба номи Куруши Кабир шинос шуда, ба роҳбарияти Агентии давлатии захираҳои моддӣ, ки муассиси ин боғ мебошад, барои минбаъд ҳам тозаю озода нигоҳ доштан ва баҳри шаҳрвандон муҳайё сохтани имкони мусоиди истироҳату фароғат дастуру маслиҳатҳо додааст.

Дар озмуни “Сайри гули лола” дар самти беҳтарин боғҳои фарҳангу фароғатӣ Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ” ва  Муассисаи давлатии илмии “Боғи марказии ботаникии Тоҷикистон”-и Муассисаи давлатии “Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ ва Дипломи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гардиданд.

Ширкати Раҳмон дар барномаи телевизионӣ

Дар Боғи Ирам низ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ бо гулҳои ороишёфтаи боғ шинос шудаанд.

Дар ҳамин ҷо Президент иштирокчии бевоситаи барномаи базми гули лола гардид, ки он аз ҷониби кормандони Идораи барномаҳои фарҳангию фароғатии телевизиони Тоҷикистон дар як мавзеи зебои Боғи Ирам сабт мегардид.

Президент Таджикистана в Хатлонской области
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Гуфта мешавад, ки ҷавонон, иштирокчиёни барнома донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар ҳузури Пешвои маҳбубашон дар васфи лола ва зебоиҳои табиати диёр шеърҳо хондаанд.

Имрӯз ҳамчунин Президент бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо вазъи боғи Наврӯзгоҳ шинос шуданд.

Аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии Наврӯзгоҳ 357 ҳазор гули лолаи ҳарранга, дарахтони олу, гелос, магнолия шинонида шудаанд, ки нашъунамои хуб доранд.

Ёдовар мешавем, ки боғи Наврӯзгоҳ 19 марти соли 2014 аз тарафи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масоҳати 146 ҳазор метри мураббаъ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Раҳмон баъди шиносоӣ бо ҳолати нашъунамои гулҳо ва дарахтон дар боғҳои пойтахт ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва роҳбарони боғҳои фарҳангию фароғатӣ ҷиҳати боз ҳам зебо гардонидани кӯчаю хиёбонҳо, марказҳои фароғатӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист ва вусъати корҳои ободонию созандагӣ дастуру супоришҳо додааст.

Барчаспҳо:
гашту гузор, Душанбе, Рустами Эмомалӣ, Эмомалӣ Раҳмон

Мавзӯъҳои асосӣ