04:54 05 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.56
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
358 0 0

Ду рӯзи оянда дар Тоҷикистон ҳаво якбора номусоид шуда, борони пуршиддат ва омадани сел пешбинӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Аз 7 то 9 апрел дар ҷумҳурӣ ҳаво якбора  номусоид шуда, дар баъзе ноҳияҳо  борони  шиддатнок дар назар дошта шудааст. 7-8 апрел раъду барқ ба амал омада, 9 апрел дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ дар баландиҳои зиёд аз 1000 метр, дар вилояти Суғд дар баландиҳои зиёда аз 800 метр аз сатҳи баҳр эҳтимоли табдили борон ба барфи тар пешгӯӣ мешавад.  

Аз ин рӯ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз сокинон хоҳиш менамояд, ки  ҷӯйборҳову каналҳои назди биноҳои истиқоматии худро аз ҳар гуна хасу партов ва лойқа тоза кунанд, то оби боронҳои шадид бе мамониат ба ҷуйборҳо ҷорӣ шуда, ба хонаву ҳавлӣ ва заминҳои сокинон зарар нарасонад. 

Тавре аз Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар доданд,  8-9 апрел дар вилояти Суғд ҳарорати рўзонаи ҳаво паст шуда, 10-15 дараҷаро ташкил медиҳад.

9 апрел дар водиҳои  вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ пастшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 8-10 дараҷа пешгӯӣ мешавад.

8-9 апрел дар ноҳияҳои алоҳида, бо истиснои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шамол бо шиддати то 17-22 метр дар як сония мевазад.

Ин рӯзҳо дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ (Варзоб, Сангвор, Рашт, Нуробод, Файзобод), вилояти Хатлон (Восеъ, Хуросон, Кӯлоб, Ховалинг, Муъминобод, Ш.Шоҳин) ва доманакӯҳҳои вилояти Суғд (Истаравшан, Панҷакент) эҳтимоли ба вуҷуд омадани сел пешгӯӣ мешавад. Дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда, Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ), Обихингоб, шохобҳои канории дарёи Вахш эҳтимоли якбора баландшавии сатҳи об дар назар аст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ба шаҳрвандон ва меҳмонони мамлакат тавсия медиҳад, ки дар рӯзҳои боронӣ аз баромадан ба шикор, моҳидорӣ, корҳои саҳроӣ, ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш ва чорводорӣ худдорӣ намоянд.

Боронгарӣ, сел ва сангрезӣ: ҳушдори обуҳавошиносон аз номусоид шудани ҳавои Тоҷикистон

Барои пешгирии садамаҳо дар шоҳроҳҳо, алахусус ҳангоми истифодаи роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо ронандагон бояд тамоми қоидаҳои ҳаракат, хусусан суръати ҳаракат дар роҳро риоя намоянд.

Дар ҳолати рух додани ҳодисаҳои нохуш шаҳрвандон метавонанд ба рақами ягона- 112 ё қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рақами 93 880 28 19 ва 223 13 11 дар тамос шаванд.

Мавзӯъҳои асосӣ