Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

"Ба овозаҳо бовар накунед": даъвати фаъолони Хуҷанд аз мардум

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкГлавная мечеть в городе Худжанде перед рынком "Панчшанбе" в Таджикистане, архивное фото
Главная мечеть в городе Худжанде перед рынком Панчшанбе в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз сокинони Хуҷанд даъват шудааст, ки ба овозаҳои сироятёбии сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов бовар накунанд, чун бино ба иттилои Фаррух Мақсудзода, сардори Раёсати тандурустии вилоят, дар вилоят ягон бемори сироятшуда бо ташхиси коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Дар майдони Регистони бозори марказии "Панҷшанбе"-и шаҳри Хуҷанд барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус аксия баргузор шуд.

Ин аксия бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд,  Маркази вилоятии ташаккули тарзи ҳаёти солим, Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории СПИД-и вилояти Суғд таҳти унвони "Худ ва дигаронро аз сирояти коронавирус ҳифз намоед",  доир гардид.

"Таҳлилҳо манфӣ": фавти марди 60-сола ва карантинкунии 13 сокини Ҷаббор Расулов дар Хуҷанд

Алишер Абдукаримов, замглавврач Джаббор Расуловской болницы - Sputnik Тоҷикистон
“Ташхис маълум нест”: суҳбат бо пизишке, ки гумон меравад, мубталои “коронавирус” шудааст

АМИТ "Ховар" бо такя ба Маркази иттилоот ва таҳлили ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад, ки ташкилкунандагони ин ҳамоиш зимни тақсимоти варақаҳо ба сокинон ҳушдор медоданд, ки ба хотири ҷилавгирии сироятёбӣ аз коронавирус онҳо бояд бештар худро аз издиҳом канора гиранд, ҳамчунин ба рӯй кашидани ниқоби ҳимоятӣ, сари вақт бо оби гарм ва собун шустани дастон ва дигар корҳои тозагиро риоя намоянд. 

Таъкид шудааст, ки барои баланд бардоштани масуният (иммунитет) ҳарчи бештар истеъмол намудани ғизоҳо ва алалхусус, сабзавоту меваҷот, пиёз ва сирпиёз (чеснок) ҳамчун фитонсид мувофиқи мақсад аст.

Ҳамчунин аз сокинон даъват шудааст, ки ба овозаҳои сироятёбии сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов  ба ин беморӣ бовар накунанд. Зеро, бино ба иттилои сардори Раёсати тандурустии вилоят Фаррух Мақсудзода, дар вилоят ягон бемори сироятшуда бо ташхиси коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. 

Пурзӯр намудани назорати сокинон, дар маҳаллаю кӯчаҳо бо худ доштани ниқоби ҳимоятӣ танҳо чораи худро эҳтиёт кардан аст.

Маълумот дода шуд, ки бемории сироятии коронавирус имрӯз ба ҳаёти сокинони сайёра, хосса давлатҳои Аврупо ва Амрико хисороти беш оварда, бинобар риоя накардани чораҳои пешгирӣ сироятёбӣ авҷ гирифта истодааст.

 

Лентаи хабарҳо
0