Кашфиёти олимони тоҷик: оби нуқра коронавирусро нест мекунад

© REUTERS \ CIRO DE LUCAСотрудник здравоохранения в защитном костюме
Сотрудник здравоохранения в защитном костюме - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Як гурӯҳ олимони тоҷик бо роҳбарии Фарҳод Раҳимӣ муайян намуданд, ки оби нуқра коронавирусро нест мекунад

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Олимони тоҷик дар баробари табибону олимони ҷаҳон дар талоши пайдо кардани маҳлулҳои зиддивирусӣ ва ё ваксина қарор доранд.

Олимзода Насим министр здравоохранения и социальной защиты населения РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазири тандурустӣ гуфт, чаро дар Тоҷикистон коронавирус нест

Гурӯҳи олимони тоҷик бо роҳбарии академик Фарҳод Раҳимӣ ба истеҳсоли оби нуқра ва истифодаи он бар зидди вирусҳо шурӯъ намуданд, хабар медиҳад агентии "Ховар".

Ба иттилои манбаъ, олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  бо мақсади пешгирии вирусҳо, аз ҷумла навъи COVID-19 дастгоҳҳои истеҳсоли нанозарраҳои нуқра сохта, истеҳсоли оби нуқраро, ки  хосияти зиддивирусӣ ва зиддимикробӣ дорад, ба роҳ монданд.

Ба изҳори донишмандони тоҷик, ионҳои нуқра хусусияти муҳофизаткунанда дошта, бактерияҳои патогенӣ, вирусҳо, занбӯруғҳо ва дигар флораи патогенӣ ва зарароварро несту нобуд мекунанд.

Ферубет, Гастрофит ва Урсослит: 3 доруи нави ихтироъкардаи олимони тоҷик

Дастгоҳҳои истеҳсоли нанозарраҳои нуқра дар озмоишгоҳи Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академия насб карда шудаанд.

Гуфта мешавад, дар сурати пеш омадани зарурат, Академияи миллии илмҳо пурра имкон дорад, ки дар ҷумҳурӣ миқдори зарурии нанозарраҳои нуқраро ба сифати маводи зиддивирусӣ пешниҳод намояд.

Олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тавсия медиҳанд, ки агар хосиятҳои зиддивирусӣ, зиддимикробӣ ва бактериотсидии ионҳои нуқра ва нанозарраҳои он дар шакли коллоидӣ дар истеҳсоли ниқобҳои муҳофизатӣ истифода бурда шаванд, то ҷое хавфи сироят ёфтан аз бемориҳои сирояткунандаро маҳдуд мегардонад.

Лаборант в централизованной клинико-диагностической лаборатории городской клинической больницы №67 в Москве. - Sputnik Тоҷикистон
Олимони тоҷик барои пешгирии коронавирус маҳлул истеҳсол карданд

Таҷрибаҳои озмоишӣ нишон доданд, ки матои функсионалие, ки ба воситаи маҳлули иондор ё дорои нуқраи коллоидӣ ба таври махсус коркард карда мешавад, хосиятҳои зиддивирусӣ пайдо мекунад.

Ба андешаи академик Фарҳод Раҳимӣ, технологияи коркарди матоъҳои функсионалӣ бо ионҳо ва маҳлули каллоидии нанозарраҳои нуқра аз он иборат аст, ки нанозарраҳои фаъол аз бофтаҳои матоъ ҷудо намешаванд ва хеле хуб ба он мечаспанд.

Аз ин сабаб, ин гуна матоъҳоро барои истифодаи васеъ дар тиб барои дӯхтани хилъатҳо, ниқобҳо, дастпӯшакҳо ва ғайра пешниҳод кардан ба манфиат хоҳад буд. Нанозарраҳои нуқра ҳангоми шустушӯ аз матоъ ҷудо намешаванд ва то 6 моҳ таъсири зиддимикробии худро нигоҳ медоранд.

Лентаи хабарҳо
0