07:50 06 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
31710

Мутахассисони Ӯзбекистон баъди гузаштани карантин дубора ба тозакунии канали калони Ҳисор оғоз мекунанд

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Рустам Баротов, сардори раёсати мелиоратсия ва обёрии минтақаи Ҳисор ба “Фергана” дар ин бора гуфтааст, ки корҳои тозакорӣ, ки дар канали калони Ҳисор пеш аз Наврӯз қатъ шуда буд, дубора шурӯъ шуд.

Ба гуфтаи Рустам Баратов, сарфи назар аз бастани марзҳо байни кишварҳо бар асари пандемияи COVID-19, як гурӯҳи мутахассисони ӯзбек иборат аз 11 нафар, ки дар арафаи ҷашни Наврӯз ба хонаҳояшон рафтанд, тавонист 24 март ба Тоҷикистон баргардад.

“Пас аз ворид шудан ба Тоҷикистон онҳо фавран ба беморхонаи ноҳиявии Ҳисор ба карантин фиристода шуданд. Пас аз ду ҳафтаи муқарраршуда, саломатии ҳамаи коргаронро санҷида, табибон онҳоро ҷавоб доданд”,-гуфтааст Баротов.

Номбурда гуфтааст, аз имрӯз сар карда мутахассисони Ӯзбекистон кори худро дар канали калони Ҳисор идома хоҳанд дод.

“Қисми таҷҳизот ба ноҳияи Турсунзода фиристода шуда, боқимонда аз самти Душанбе тозакориро идома медиҳанд”, - гуфт Баратов.

Ба таъкиди вай, корҳои тозакуниро танҳо дар моҳҳои март-апрел, пеш аз оғози мавсими обёрӣ, ки коҳиши об дар канал имконпазир бошад бояд амалӣ гардад, агар он то моҳи май ба итмом нарасад, он то соли оянда, 2021 мавқуф гузошта мешаванд.

Бино ба гузорши Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, корҳои тозаю барқароркунии канали калони Ҳисор рӯзи 8-уми марти соли ҷорӣ аз ҷамоати шаҳраки Ҳисор, маҳаллаи Берунӣ, кӯчаи Бедил, нуқтаи 276-50 обгузари канали калони Ҳисор оғоз гардид, то мавзеи сарбанди канал - дарёи Душанбе, дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе идома меёбад.

То рӯи 11-уми марти соли равон ҳудуди 6,3 км (3,15км  ва 3,15км аз ду канори канал) корҳои тозаю барқароркунии канораҳои канали калони Ҳисор анҷом шудааст.

 

 

Барчаспҳо:
Канали калони Ҳисор, Ӯзбекистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ