03:20 30 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
115101

Дар пасманзари авҷи маризии коронавирус дар ҷаҳон, арзиши аксар маводҳои хӯрокворӣ дар муқоиса бо нархи қаблияшон даҳчанд гарон шуданд

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Сокинони вилояти Хатлони Тоҷикистон аз ҷаҳиши якбораи нархи лимӯ дар чанд ҳафтаи ахир, шадидан  изҳори нигаронӣ мекунанд, хабар медиҳад агентии "Фараж".

Ба иттилои манбаъ, агар қаблан нархи лимӯ дар бозору дӯконҳо ба қимати аз 5 то 7 сомонӣ барои як килограмм фурӯхта мешуд, ҳоло нархи он даҳчанд гарон шудаст.

Манбаъ аз қавли чанд нафар сокинони ин вилоят менависад, лимӯ дар бозорҳои Хатлон ба нархи 40 сомонӣ барои як килограмм фурӯхта мешавад.

Сокинон қимат шудани арзиши лимӯро ба паҳншавии маризии коронавирус рабт медиҳанд. Чун қаблан низ бо баланд шудани сару садоҳо бобати ин маризӣ арзиши орд ва чандин маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон гарон шуд.

Олимони се кишвар мегӯянд кӯршапаракҳо коронавирусро дармон медиҳанд

Дар баробари қимат шудани маҳсулоти озӯқаворӣ, инчунин нархи ҳазориспанд низ якбора боло ҷаст. Зеро дар як брифинг, эпидемиологи рус дар шаҳри Тошканд изҳор дошта буд, ки шояд роҳ наёфтани маризии коронавирус ба кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳз дуди гиёҳи ҳазориспанд сабабгор бошад.

Аммо Қазоқистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон аз ин маризии сироятӣ дар канор намонданд.

Алъон миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ, Тоҷикистон ва Туркманистон ягона давлатҳое ба шумор мераванд, ки ин маризӣ ба он ҷо роҳ наёфтааст.

Барчаспҳо:
нарх, Хатлон

Мавзӯъҳои асосӣ