Ҷашнҳои рӯзи 8 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© © Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 8 апреля
День 8 апреля - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи ҳаштуми апрел дар Тоҷикистон аз Рӯзи иқтисодчиён ва дар Русия аз Рӯзи аниматсия ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 8 апрел дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1766 дар ИМА ба нахустин нардбони оташнишонӣ патент дода шуд.

Соли 1935 дар Иттиҳоди Шӯравӣ нисбат ба кӯдакони аз 12- сола боло ҷавобгарии ҷиноӣ амалӣ карда шуд.

Рӯзи 8 апрел дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1980 дар Душанбе бори нахуст кинофестивали XIII умумииттиҳодиявӣ баргузор гардид.

Соли 1992 дар Душанбе протокол оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Русия ба имзо расид.

День 7 апреля - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 7 апрел дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2002 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кори Саммити Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё иштирок намуданд, ки дар ҷараёни он масъалаҳои бехатарӣ ва ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардиданд.

Соли 2003 президенти Украина Леонид Кучма ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари нахустини расмӣ ташриф овард.

Соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бўстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони сершумори қишрҳои гуногуни аҳли ҷомеа доир ба ҷамъбасти муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" вохӯрӣ намуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 8 апрел

  • Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон- рӯзи иқтисодчиён.
  • Дар Русия- рӯзи аниматсия.
Лентаи хабарҳо
0