21:44 31 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
637 0 0

Мақомоти ВМКБ ба аҳли хонаводаи шоир ва рӯзноманигори тоҷик Сардор Раҳдор изҳори ҳамдардӣ карда, аз даргоҳи Худованд барояшон сабри ҷамил хостааст

ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Сардор Раҳдор шоир ва рӯзноманигори тоҷик, шоми 5 апрел дар шаҳри Душанбе дар синни 66-сола дар паи бемории сактаи мағзӣ аз олам даргузашт.

Сардор Раҳдорро дар зодгоҳаш деҳаи Баррӯшон ба хок супориданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ба аҳли хонавода ва ёру дӯстони Сардор Раҳдор изҳори таслият кардааст.

"Хабари даргузашти фарди равшанзамир, шоири ширинбаёни диёрамон Сардор Раҳдор ҳамаи моро сахт андӯҳгин намуд. Устод дар рушди адабиёт, эҳёи фарҳангу ҳунарҳои мардумӣ саҳми бесобиқае гузоштанд. Ҳамчунин ин шахси накӯному маърифатпарвар дар тарбияи наслҳои баъдӣ, ҳидояти шоирони ҷавон бедареғ хизмат намуданд. Ёди неки ин шоири тавоно ва инсони асил дар дилҳои мо ҳамеша зинда хоҳад монд", - омадааст дар номаи таслият.

Даргузашти Сардор Раҳдор дар Душанбе

Даргузашти Сардор Раҳдор барои адабиёти тоҷик талафоти бузург аст.

Ӯ солҳои охир барои ҳифзи забонҳои помирӣ корҳои зиёде анҷом дода буд ва китобҳои пурарзишро рӯи нашр овард. Ӯ муаллифи китобҳои "Ҷӯёи Нур" ва "Толиби Дидор" бо забони тоҷикӣ мебошад.

Боис ба ёдоварист, ки китобҳои "НОМУС" ва "Адъувҷин Созен" дар радифи беҳтарин намунаи осор ба забонҳои шуғнӣ- рушонӣ мебошад. Сардор Раҳдор дар ташаккул ва такомули адабиёт бо забонҳои ирони шарқӣ (гурӯҳи забонҳои шуғнӣ- рушонӣ" ) ҷойгоҳ ва манзалати махсуси худро дорад.

Сардор Раҳдор 4 ноябри соли 1954 дар деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшони ВМКБ дар хонаводаи зиёӣ ба дунё омада соли 1971 пас аз фориғуттаҳсилаш аз мактаби миёна солҳои 1972-1977 дар факултаи филологияи ДДТ таҳсил карда, ду сол ба унвони муаллими забону адабиёт дар мактабҳои деҳоти Шуҷанд ва Емси ноҳияи Рӯшон кор кард.

Оғоз аз соли 1979 ва то соли 1981 мудири радиои маҳаллӣ ва мухбири рӯзномаи «Овози Дӯстӣ»-и ноҳияи Рӯшон буд. Аз соли 1981 то 84 ба сифати афсари қушунҳои сарҳадӣ дар Тошканд ва Кобул адои хидмат кардааст.

Сардор Раҳдор беш аз 15 сол ба ҳайси корманди бахши маърифатии Хазинаи Оқохон дар Хоруғ ва Душанбе фаъолият намуд. Барои чанд сол муҳаррири калони ҳафтавори "Нақлиёт"-и Вазорати нақлиёти Тоҷикистон буд. Бо забонҳои помирӣ (шуғнонӣ-рӯшонӣ) ва тоҷикӣ шеър мегуфт.

Барчаспҳо:
даргузашт, Сардор Раҳдор, ВМКБ

Мавзӯъҳои асосӣ