04:56 30 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
2732 0 0

Алишер Абдукаримов, муовини сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар як паёми видеоӣ гуфт, сиҳату саломат аст ва ҳаргуна овозаҳо дар бораи вазъи саломатиаш асос надоранд

ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Алишер Абдукаримов, муовини сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки баъд аз марги сокини 60-солаи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба қарантина фаро гирифта шуда буд, дар як паёми видеоӣ таъкид кардааст, ки гирифтори коронавирус нашудааст ва таҳлилҳои аз ӯ гирифташуда манфӣ баромад.

Вай афзуд, ки дар ҳоли ҳозир сиҳату саломат аст ва ба ҷони ӯ ҳеҷ хатаре таҳдид намекунад.

“Азбаски ҳарорати баданам боло рафт ба ҳамин хотир маро ба қарантина фаро гирифтанд. Ман, айни ҳол дар шуъбаи сироятии шаҳри Хуҷанд қарор дорам. Сиҳату саломатам. Аз шумо хоҳиш мекунам, ки бар ҳаргуна овозаҳои бардурӯғ бовар накунед. Натиҷаҳои таҳлилҳои аз ман гирифта, манфӣ баромад. Ман хурсанд шудам”, - таъкид дошт Алишер Абдукаримов.

 

Ёдрас мешавем, ки Алишер Абдураҳимов, муовини сардухтури шифохонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки се рӯз пеш бо иттифоқи 10 ҳамкори дигараш бо гумони гирифторӣ ба “вируси тоҷдор” ба шифохонаи шаҳри Хуҷанд интиқол ёфта буданд.

Алишер Абдураҳимов рӯзи 5 апрел бо иттифоқи ҳамкоронаш дар шифохонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд замоне ба шифохонаи шаҳри Хуҷанд, шӯъбаи терапия интиқол ёфтанд, ки пас аз тамос бо як маризи фавтида дар онҳо дардҳои гуногун, назири сардардӣ, нафастангӣ ва тасфи баланд, аломатҳои махсуси “вируси тоҷдор” падид омад.

Дар пайи ин маризии ҷамъӣ шифохонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов қарантина шуд ва ҳам пайвандони шахси марҳумро низ ба табобатгоҳи Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов таҳти назорати пизишкӣ қарор гирифтанд.

Ин хабар дар ҷомиаи Тоҷикистон бахусус дар пасманзари ин ки як кишвари озод аз “вируси тоҷдор” боқӣ мемонад, сарусадои зиёдеро ба бор овард.

Барчаспҳо:
саломатӣ, мардум, Ҷаббор Расулов, беморхона, пизишк, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ