02:58 30 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
364 0 0

Шаби 8 ба 9 уми апрел дар аксар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон барф борида, замину теппаҳоро сафед кардааст

ДУШАНБЕ, 9 апр – Sputnik. Бино ба гуфти сокинон резиши барф дар шаҳри Душанбе ҳам мушоҳида шуда, гулу рустаҳо дар роҳу пайроҳаҳои пойтахтро бо худ пӯшонидааст.

  • Снегопад в Согдийской области, район Деваштич и Мастчох
    Снегопад в Согдийской области, район Деваштич и Мастчох
    Стрингер
  • Снегопад в Согдийской области, район Деваштич и Мастчох
    Снегопад в Согдийской области, район Деваштич и Мастчох
    Стрингер
1 / 2
Стрингер
Снегопад в Согдийской области, район Деваштич и Мастчох

Сокинон навоҳии Суғд, шимоли Тоҷикистон ҳам бо нашри аксҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз "ҷанги барфу гул" хабар дода гуфтаанд, ки дар айни шукуфоии гули дарахтони себу ноку бодому зардолу барф сафедии худро нишон дод.

Манобеъи Sputnik Тоҷикистон аз навоҳии Деваштич ва Кӯҳистони Мастчоҳ мегӯянд, охирҳои моҳи апрели соли гузашта ҳам шоҳиди чунин барфрезӣ дар замони шукуфоии гули дарахтон буданд. Аммо ба гуфтаи онҳо, ҳоло марзи барф назар ба гузашта баландтар буда сокинонро ба рӯбидани он машғул намудааст.

"Ҳама ҷо сап сафед, барф. Марзи барф баланд аст ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои деҳотро мушкил намудааст. Аз ин хотир сокинон дар даст белу ҷорӯб ба рӯбидани барф машғуланд",- гуфт як сокини деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич.

Коршиносон мегӯянд, ба далели резиши барф дар фасли баҳор замони кишту кор ҳам ба таъхир хоҳад афтод. Аксар мардуми деҳқон бар онанд, ки соли гузашта ҳам бо сабаби боридани барфи баъд аз Иди Наврӯз, ҳудуди як моҳ мавсими кишти зироатҳои баҳорӣ дер оғоз шуда буд.

Сокинон мегӯянд, агар ҳам барф дар моҳи апрел сафедии худро сари замину дарахтон нишон дод, вале ҳарорат ба дараҷае сард нест ва онҳо умедворанд, ки аз таъсири нури офтоб он, об шуда, аз ин ҳол гулу муғҷаи дарахтон ба зудӣ раҳо хоҳанд ёфт.

Барчаспҳо:
акс, Наврӯз, Тоҷикистон, барф

Мавзӯъҳои асосӣ