Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

“Эҳтиёт кунеду ба он тараф нагузаред”: дастури Аҳмадзода барои пешгирӣ аз коронавирус

Обуна шудан
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар Хистеварз ҷамоати наздисарҳадии ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров ба масъулини ҳукумат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, доир ба масъалаи пешгирӣ аз сирояти коронавирус мулоқот баргузор намудааст

ДУШАНБЕ, 9 апр – Sputnik. Бар пояи хабари сомонаи ҳукумати Суғд, Аҳмадзода аснои сафари ахири худ ба ҷамоати ҳаммарз бо Қирғизистони ноҳияи Б. Ғафуров ба масъулини соҳа дар бораи пурзӯр намудани назорати марз ва пешгирӣ аз убури шаҳрвандон аз тариқи чапроҳаҳо дастур додааст.

"Гуфта шуд, ки дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва минтақаҳои наздимарзӣ назорат пурзӯр мебошад. Вале ҳастанд шаҳрвандоне, ки ба хотири манфиатҳои худ дидаву дониста хати марзро убур мекунанд. Аз ин хотир, аз масъулини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, аз ҷумла раисони маҳаллаҳо ва фаъолон даъват карда шуд, ки дар байни мардум корҳои тарғиботиро ҳарчи бештар ба роҳ монанд. Чунки як амали ноҷои шаҳрванд метавонад ба интиқоли коронавирус боис гардад, ки ин ба саломатии давлату миллат хатар эҷод мекунад", - иттилоъ додааст сомонаи ҳукумати Суғд.

Раиси вилоят, дар ҷараёни мулоқот пешгирӣ аз сирояти коронавирусро кори дастаҷамъӣ хонда, аз сокинон даъват намудааст, ки худро эҳтиёт намоянд ва то мӯътадил шудани вазъ аз сафар ба кишвари ҳамсоя худдорӣ варзида ба ин кори худ ҷиҳати ҳифзи саломатии худ ва дигарон бо масъул бошанд.

Сотрудник здравоохранения в защитном костюме - Sputnik Тоҷикистон
Теъдоди дардмандони коронавирус дар Қирғизистон ба 280 нафар расид

Бемории вируси корона ё COVID -19 аз кишвари Чин хуруҷ карда, шуйӯъи он то ба домани аксар давлатҳои ҷаҳон расид. Бар пояи маълумоти ахир шумори гирифторони ин беморӣ дар ҷаҳон ба 1 миллиону 511 ҳазору 104 нафар расидааст.

Аз рӯи омори сироятёфтагон ва фавтидагон Амрико ва Италия ҳанӯз дар ҷойи авваланд. Чин бошад, аз рӯйи сироятёбӣ ба зинаи шашум ва фавт дар ҷойи ҳафтум қарор гирифт. Эрон дар ҷойи ҳафтум ва Русия дар зинаи 20 қарор дорад.

Шумори гирифторони коронавирус дар ҷаҳон аз 1,5 миллион гузашт

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (434 114 нафар), Испания (148 220), Италия (139 422), Олмон (113 296), Фаронса (82 048), Чин (81 802), Эрон (67 286), Британияи Кабир (60 733), Туркия (38 226) ва Белгия (23 403) дохил мешаванд.

Медицинский персонал перемещает тела из медицинского центра Wyckoff Heights в рефрижератор в Бруклине, Нью-Йорк - Sputnik Тоҷикистон
Омори гирифторону шифоёфтагон ва фавтидагон аз коронавирус дар ИДМ ва ҷаҳон

Шумори шифоёфтагон аз ҳама бештар дар Чин — 77 279 нафар, Испания – 48 021, Олмон – 32 814, Эрон – 29 812, Италия – 26 491, ИМА – 23 774, Фаронса – 21 254, Швейтсария – 9 800, Кореяи Ҷанубӣ – 6 937 ва Белгия – 4 681 нафар мебошанд.

Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, Италия (17 669 нафар), Испания (14 794), ИМА (14 762), Фаронса (10 869), Британияи Кабир (7 097), Эрон (4 003), Чин (3 333), Олмон (2280), Нидерланд (2248) ва Белгия (2240) дохил мешаванд.

Ахиран дар бораи сирояти ин беморӣ аз ҳисоби сокинони давлтаҳои Осиёи Марказӣ: Ӯзбекистон – 472, Қазоқистон — 670 ва Қирғизистон — 280 ҳолат расман хабар доданд.

Масъулини вазорати тандурустӣ дар кишварҳои Тоҷикистон ва Туркманистон аз орӣ будани сокинон аз ин маризӣ таъкид варзида, дар бораи сабт нашудани ягон ҳолати сироят аз вируси корона то санаи 9-уми апрел гузориш додаанд.

Лентаи хабарҳо
0