10:43 04 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
515 0 0

Созмони “Speedtest Global Index” Тоҷикистонро дар раддабандии ҷадидаш аз рӯи суръати интернети мобилӣ дар ҷойи 127 ва аз руйи интернети ноқилӣ дар зинаи 101 қарор додааст, ки нисбат ба раддабандии қаблӣ 6 зина боло рафтааст

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Тибқи раддабандии ҷадиди “Speedtest Global Index”, ки бар асоси нишондодҳои моҳи март таҳия шудааст, суръати интернети мобилӣ дар Тоҷикистон пасттарин, миёни 141 кишвари ҷаҳон дар ҷойи 127 қарор гирифтааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқа, акс аз бойгонӣ
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Тоҷикистон дар раддабандии қаблии ин созмон ҷойи 133 ро ишғол мекард.

Дар гузориши “Speedtest Global Index”, суръати интернети мобилии Тоҷикистон, барои боргирӣ 10,77 Мбит дар сония  ва барои воридсозӣ 5,06 Мбит дар сония  арзёбӣ шудааст. Дар ҳоле ки суръати миёнаи интернети мобилӣ дар ҷаҳон 23,8 Мбит ва баландтарин 83,52 Мбит/сония баҳогузорӣ шудааст.
Ин гузориш инчунин интернети ноқилиро низ фаро гирифтааст, ба пояи он Тоҷикистон миёни 176 кишвар дар зинаи 101 қарор гирифтааст. Бар пояи гузориш дар Тоҷикистон боргирӣ тавассути интернети ноқилӣ 24,51 Мбит дар сония ва боргузорӣ бошад 24,55 Мбит  дар сонияро ташкил медиҳад.
Миёни кишварҳои ИДМ Русия дар зинаи 92, Қазоқистон дар ҷойи 99-ум, Қирғизистон - 105-ум ва Ӯзбекистон - 133-ум мебошанд.

Дар садри ҷадвали раддабандӣ аз рӯйи интернети мобилӣ Аморати Муттаҳидаи Араб, Кореяи Ҷанубӣ ва Қатар ҷой гирифтаанд. Сингапур, Ҳонконг ва Руминия бошанд аз рӯйи интернети ноқилӣ дар се зинаи аввали раддабндӣ қарор гирифтаанд. Зинаи охири радабандиро Судон, Венесуэлла ва соҳиб шудаанд.

“Speedtest Global Index” суръати интернетро дар Тоҷикистон аз бадтаринҳо хонд

Мақоми ҳануз пасти Тоҷикистон дар раддабандии мазкур дар ҳолест,  ки Эмомалӣ Раҳмон дар як ҷаласаи моҳи февралияш аз сатҳу сифати интернет дар кишвар интиқод карда, бар асоси қарори Ҳукумат дар бораи вазифаҳо барои соли 2020, ки 3 феврал имзо кард, Хадамоти алоқа муваззаф кард, ки суръату сифати интернетро беҳбуд бахшад.
Ба иттилои манбаъ, раисиҷумҳури Тоҷикистон суръати пасти интернетро яке аз омилҳои боздорандаи иқтисод, тиҷорат, фарҳанг, маориф ва сайёҳӣ хонда, мақомотро барои бартараф кардани ин мушкилӣ муваззаф намуд.

Барчаспҳо:
Раддабандӣ, суръат, интернет, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ