"Вируси корона" ба маводи ғизоӣ "сироят" кард: болоравии нархҳо дар бозорҳои Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевРынок Мехргон, архивное фото
Рынок Мехргон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қимати маводи ғизоӣ дар бозорҳои Тоҷикистон як афзоиши бесобиқаеро таҷриба мекунад. Нархи бархе анвоъи он то 30% боло рафтааст

 ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Маълумоте, ки аз бозорҳои шаҳру навоҳии Тоҷикистон дар дастраси хабарнигори Sputnik Тоҷикистон қарор гирифт, ҳикоят аз афзоиши тадриҷӣ ва гоҳо рӯз ба рӯзи нархи маводи ғизоӣ мекунад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Тоҷикистон ба далели адами сабти мавориди "вируси тоҷдор" дари бозору дӯконҳоро набаста ва ҳам ҳаракати сокинону молу коло дар роҳҳои кишварро маҳдуд накардааст.

Ангор ин вирус дар ҷони нархҳо задааст.

Нахуст нархи маводе, ки гуфта мешавад, хатари "вируси тоҷдор" – ро аз инсон дур мекунад, афзоиши бесобиқае доштанд. Сирпиёз ё чеснок, ки чор – панҷ моҳи қабл, ба қавли яке аз фурӯшандагони бозори "Панҷшанбе" – и шаҳри Хуҷанд "саг суроғ намекард", аз 10 ба 70 – 80 сомонӣ сари кило боло рафта, дар Бохтару Кӯлоб ва Душанбе аз 70 то 90 сомонӣ арзиш дорад.

На рынке в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Аз 7 ба 40 сомонӣ гарон шуд: ҷаҳиши нархи лимӯ дар Хатлон

Фаридун Маҳмадбеков, сокини шаҳри Хоруғ, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар ин шаҳр низ нархи як кило сирпиёз аз 15 сомонӣ ба 100 сомонӣ дакка хӯрд, аммо бо дахолати мақомоти қудратии маҳаллӣ коҳиш дода шуд.

"Вақте нарх боло рафт, мақомот ба бозор омада, қимати як кило сирпиёзро 60 сомонӣ таъин карданд ва гуфтанд, ки аз ин зиёд нашавад. Ҳамин нарх ҳам барои мо арзон нест", - гуфт Фаридун Маҳмадбеков.

Қимати як кило лимӯ, ки моҳе пеш 10 сомонӣ буд, ҳоло ҳатто дар бозори Бохтар, минтақае, ки "ватан" – и ин меваи ситрусӣ буд, ба 40 – 45 сомонӣ боло рафтааст.

Ҳамин тавр, қимати як кило занҷабил (имбир), ки як моҳи қабл 35 сомонӣ буд, низ ба 100 сомонӣ боло рафта, ҳоло дар тамоми бозорҳои кишвар камёфт шудааст.

Ҷаҳиш андар ҷаҳиш

Дар баробари маводе, ки барои ҷилавгирӣ аз "вируси тоҷдор" истифода мешавад, қимати маводи ниёзи аввал – маводи ғизоӣ низ боло меравад.

Иттилооте, ки мо аз бозорҳои Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Душанбе, Ҳисор, Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ дастрас кардем, нишон медиҳанд, ки афзоиши бесобиқае дар қиёс бо даҳ рӯзи пеш доштааст. Тибқи ин додаҳо, қабл аз ҳама дар қимати орд, равғани растанӣ ва маҳсулоти тавлидмешуда аз онҳо афзоиши назаррас мушоҳида мешавад.

 

© Sputnik / Джон Траст / Гузариш ба медиабонкМука. Архивное фото.
Вируси корона ба маводи ғизоӣ сироят кард: болоравии нархҳо дар бозорҳои Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон
Мука. Архивное фото.

 

Ҳоло нархи як халта орди 50 – килоӣ дар шаҳри Душанбе аз 180 сомонии як моҳи қабл ба 215 – 220, Хуҷанду Истаравшан аз 170 то 220, Кӯлобу Бохтар аз 185 то 240 ва Бадахшон аз 200 ба 250 сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Равғани растанӣ низ дар саросари Тоҷикистон аз 9 то 10 сомонии моҳи қабл ба 13 то 15 сомонӣ боло рафтааст.

Абдураҳим Маҷидов, як сокини Хуҷанд мегӯяд, дар бозори "Панҷшанбе" – и Хуҷанд дар гузашта маводи нонӣ, аз қабили килои макаронҳои навъи гуногунро дар яклӯхтфурӯшӣ бо 6,8 ё 7 сомонӣ дастрас мекарданд, ҳоло бар ин нархҳо 1 - 2 сомонӣ изофа шудааст.

"Ман ҳамеша макаронҳои хориҷии 400 – грама мехарам. Як – ду ҳафтаи қабл 3 сомонӣ нарх дошт, ҳоло 4 сомонӣ шудааст", - гуфт Абдураҳим Маҷидов.

Ҳамин тавр, тайи як моҳи ахир қимати маҳсулоти полизӣ, назири картошкаву сабзӣ ва пиёз низ боло рафт. Ҳоло дар саросари кишвар дар қиёс бо як моҳи пеш, ки картошка – 3, сабзӣ – 1, 5 ва пиёз – 2 сомонӣ буданд, ҳамагӣ аз 1 то 3 сомонӣ қимат шудаанд.

Продажа муки - Sputnik Тоҷикистон
Ҷаҳиши доллар нархи ордро гарон кард: соҳибкорони Хатлон ордро 240 сомонӣ мефурӯшанд

Картошка, ки бештар аз ҳама истифода мешавад, дар пайи боло рафтани нарх аз Русияву Покистон ворид мешавад. Аммо қимати пиёзи нав, ки аз Қӯрғонтеппа вориди Душанбе шудааст, низ 4 сомонӣ аст ва интизор меравад, бо афзоиши тавлидот рӯ ба коҳиш орад.

Нигаронии раиси ВМКБ: роҳбандӣ барои коронавирус метавонад нархро боло барад

Нархи биринҷу гандуми сиёҳ (гречка) ва ҳабубот, назири лубиё, нахуд, наск ва ғайра низ аз 9 - 10 сомонии як моҳи қабл ба 13 – 14 сомонӣ дар ин рӯзҳо баробар шудааст.

Гӯшти гусфанд аз 50 ба 57 ва гӯшти гов аз 48 ба 55 сомонӣ ҷаҳидааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки гӯштфурӯшон мегӯянд, тиҷораташон аз камбуди харидорон кунд аст.

 

© Sputnik / Стас ЭтвешМясо на рынке, архивное фото
Вируси корона ба маводи ғизоӣ сироят кард: болоравии нархҳо дар бозорҳои Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон
Мясо на рынке, архивное фото

 

Аммо ба қавли фурӯшандагони меваҷот, нархи себу нок ва ношпотиву ангур, ки ҳар як қариб то 5 сомонӣ ё як баробар қимат шудааст, хосияти мавсимӣ дошта, далелаш ҳам поён омадани захираҳо ва камчинии онҳо дар яклухтфурӯшиҳо аст.

Девочка в маске, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Ӯзбекистон шумораи беморони коронавирус ба 582 нафар расид

Дар баробари меваҷоти ватанӣ, нархи меваҳое, назири мандарин ва банан, ки аз роҳи Афғонистону Эрон ворид мешаванд, низ рӯ ба афзоиш аст. Килои мандарин дар яклухтфурӯшиҳо 8 ва як дона банан 3 сомонӣ аст, ки ба қавли фурӯшандагон, захираи онҳо дар амборҳо низ дар ҳоли тамом шудан аст.

Дар қиёс бо меваҷот, қимати памидору бодиринг рӯз то рӯз коҳиш меёбад, зеро мавсими тавлид фаро расида, фаровонии онҳо мушоҳида мешавад.

Насим Шарипов, яке аз фурӯшандагони бозори "Деҳқон" – и шаҳри Душанбе, мегӯяд, дар як ҳафтаи ахир коҳиши бесобиқаи қимати памидору бодиринг мушоҳида шуд.

 

© Sputnik / Стас ЭтвешПомидоры, архивное фото
Вируси корона ба маводи ғизоӣ сироят кард: болоравии нархҳо дар бозорҳои Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон
Помидоры, архивное фото

 

"Агар як ҳафта пеш 1 кило памидор 20 ё 1 кило бодиринг 18 сомонӣ буд, ҳоло аввалӣ 13 ва охирӣ 10 сомонӣ фӣ кило арзиш дорад. Ин ба он хотир аст, ки дар атрофи шаҳр гармхонаҳои зиёд ҳаст ва то чанд рӯзи дигар ҳосили Панҷу Шаҳритӯс низ тайёр мешавад", - гуфт Насим Шарипов.

Виҷдон ё доллар?

Дар "Меҳргон", бузургтарин бозори шаҳри Душанбе, шоҳиди ҷанҷоли як кампире бо фурӯшанда мешавем, ки ахириро бо лаҳни шадид бад мегуфт.

Мегуфт, "магар аз Худо наметарсӣ, аз вирус метарсӣ? Бевиҷдон! Чаро сари худ нархро боло мебарӣ?" Фурӯшанда ором ва бо табассум ба кампир нигоҳ мекард ва ҳарфе ба забон намеовард.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон говорит по телефону, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон пиёзу Қазоқистон орд медиҳад: азму нигарониҳо дар суҳбати Раҳмон бо Тоқаев

Кампир рафт ва хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба сӯҳбати фурӯшанда рафт. Вай гуфт, сабаби боло рафтани нархҳо боло рафтани қурби доллари амрикоӣ дар баробари сомонии тоҷикӣ аст: "Мо ҳам молро аз тоҷирони яклухтфурӯш мегирем. Масалан, ҳамин картошкаеро, ки мебинед, як моҳи пеш ба 3 сомонӣ мегирифтем, инак шудааст 4 сомонӣ. Ҳоло аз Покистону Русия меоранд ва медонед, ки марзҳо ҳам баста шудаанд. Тоҷирон ҳам молро аз хориҷа бо доллар ворид мекунанд ва ҳам қимати роҳкирои онҳо боло рафтааст. Инро ба ин кампири бечора чӣ гуна фаҳмонам? Барои ҳамин хомӯш менишинам", - гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Арзиши рубл дар Тоҷикистон каме боло рафт

Як моҳи қабл як доллари амрикоӣ 9 сомониву 70 дирам арзиш дошт, ҳоло қурби расмӣ 1 сомониву 20 дирам аст, ки ба қавли ҳамсӯҳбатони мо, аслан дар бонкҳо дастрас нестанд ва агар ҳам бошанд, ба таври маҳдуд дар як рӯз 100 доллар медиҳанд. Ба гуфтаи онҳо, доллар дар "бозори сиёҳ" низ ба хубӣ дастрас нест ва арзишаш ҳам ба 11 сомонӣ дакка хӯрдааст.

Гузашта аз ин, нигаронии фурӯшандагони на фақат бозорҳо, балки мағозаву дӯконҳои кишвар, аз ин ҳам ҳаст, ки муштариёни онҳо кам шудаанд. Мегӯянд, мардум ҳам пул надорад, зеро аксари мардуми муҳоҷире, ки имрӯзҳо дар Русия буданду пул мефиристоданд, дар кишвар мондаанд.

Лентаи хабарҳо
0