14:30 27 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.26
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
773 0 0

Раҳмон ба раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо доир ба вусъати кишту кори баҳорӣ, истифодаи самараноки замин ва таъмини фаровонии бозори истеъмолии аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ супоришҳои қатъӣ додааст

ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Шоми 9 апрел ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш, Панҷ, Фархор ва Хуросон телефонӣ ҳисобот доданд.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар ҷараёни суҳбати телефонӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои номбаршударо оид ба рафти тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ, кишту кори баҳорӣ ва бартарафсозии оқибатҳои боду ҳавои номусоиди рӯзҳои охир шунидааст.

Раҳмон ба раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо доир ба вусъати кишту кори баҳорӣ, истифодаи самараноки замин ва таъмини фаровонии бозори истеъмолии аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ супоришҳои қатъӣ доданд.

Барфи ғайричашмдошт: гулгашту дарахтзорҳои Душанбе зери барф монданд - акс

Тибқи иттилои манбаъ, бо дарназардошти вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Тоҷикистон ва роҳбарияти мақомоти вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо супориш додааст, ки нақшаи ҷумҳуриявии кишти зироатҳо, ба хусус майдони кишти картошкаро 40 фоиз ва майдони кишти такрориро аз ҳисоби ғалладонагиҳо, лубиёгиҳо ва макаи дон то 60 фоиз зиёд намоянд.

Раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шудаанд, ки дар баробари иҷрои корҳои кишоварзӣ ба тадбирҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.

Раисиҷумҳур ҳамчунин дастур додааст, ки вобаста ба вазъи фавқулодаи боду ҳаво барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, аз ҷумла пешгирии хавфи омадани сел ва обхезиҳо корҳои соҳилмустаҳкамкуниро ба роҳ монанд.

Супоришҳои дигар ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ оид ба тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист ва риояи гигиенаи шахсӣ дода шудааст.

Мутахассиси тоҷик роҳи наҷоти дарахтон аз сардиро гуфт: дуд кунед

Ёдрас мешавем, ки бар асари бориши барфи рӯзи 8 апрел дар Тоҷикистон аксар сокинони кишвар изҳори ноумедӣ карданд, ки гулҳои дарахтонро хунук мезанад ва мева камчин хоҳад шуд.

Барчаспҳо:
дастуру супоришҳо, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ