04:55 07 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (500)
6326 0 0

Сармутахассиси бемориҳои сироятии Қазоқистон, профессор Динагул Баешева мегӯяд коронавирус Тоҷикистон ва Туркманистонро низ фарогир мешавад

ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Тоҷикистон ва Туркманистон низ аз сирояти коронавирус канор намемонанд, вале беморӣ ба ин кишварҳо дертар мерасад, мегӯяд сармутахассиси бемориҳои сироятии Қазоқистон, профессор Динагул Баешева.

Мақомоти Туркманистон мегӯянд, феълан ягон ҳолати гирифторӣ аз коронавирус дар кишвар ба қайд гирифта нашудааст. 

Бино бар гузориши расмии намояндаи доимии Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Тоҷикистон, Галина Перфилиева то ҳол дар Тоҷикистон низ ягон ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 сабт нашудааст.

"Ҳамааш аз муносибати мақомот ба ин мушкилот ва интизоми мардум вобаста аст. Чуноне мегӯянд, ҳоло шом нашудааст. Вақте коронавирус дар Чин зуҳур кард, ҳама ҳадз мезаданд, ки дар Қазоқистон низ ин беморӣ паҳн мешавад, вале чуноне мебинед ба Қазоқистон сироят на аз Чин балки аз Урупо омад. Дақиқан Тоҷикистон ва Туркманистон низ эҳтимол аст ба ин эпидемия гирифтор шаванд, вале каме баъдтар. Чуноне Қазоқистон ва Қирғизистон, ки дертар аз кишварҳои Урупо сироят шуданд", - гуфт Баешева дар суҳбат бо РИА Новости.

Ӯ қайд кард, ки дар пешгирии коронавирус интизом ва муносибати мардум, хеле муҳим аст.

Праздничный концерт в Худжанде
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

"Нахуст ин, ки ҷудоикунӣ хеле самаранок аст, агар мардум ин принсипҳоро риоя мекарданд, ҳатто ба бастани сарҳадҳо ниёз намемонд. Дар Ҷопон сарҳадҳоро низ набастанд, чораҳои вижа роҳандозӣ накарданд, вале маргу мир дар ин кишвар дар қиёс бо кишварҳои Урупо камтар аст. Онҳо пӯшидани ниқоб ва зиндагии ҷудогонаро одат кардаанд ва ин чиз барои онҳо аҳамияти бузург дорад", - гуфт Баешева.

Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки дар Қазоқистон аз аввали зуҳури коронавирус аз ҷониби мақомот чораҳои вижа роҳандозӣ шуд.

"Таҳлилҳо манфӣ": фавти марди 60-сола ва карантинкунии 13 сокини Ҷаббор Расулов дар Хуҷанд

"Пас аз эъломи пандемияи коронавирус, Қазоқистон вазъи фавқуллода, қарантина эълом кард, вале мо фарҳанги зиндагии ҷудогонаро надорем, аммо чораҳои пешгирикунандаи мақомот самараи худро доданд ва паҳншавии сироят каме бозистод, дар қиёс бо кишварҳое, ки чунин чораҳоро аз аввали зуҳури беморӣ сарфи назар карданд", - гуфт Баешева.

Коршинос бовар дорад, давлатҳое, ки то ҳол ин бемориро таҷриба накардаанд, бояд аз баргузории чорабиниҳои оммавӣ худдорӣ кунанд.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт 11 март сирояти COVID-19 - ро пандемия эълом кард.

Супоришҳои Раҳмон ба Вазорати тандурустӣ барои пешгирӣ аз коронавирус

Бино ба гузориши СҶБ то имрӯз дар ҷаҳон беш аз 1,35 миллион ҳолати сироятшавӣ ба қайд гирифта шуда, зиёда аз 89,4  ҳазор кас ҷон бохтааст.

Ҳамагирии коронавирус

Коронавирус авохири моҳи декабри соли 2019 дар Вуҳани Чин зуҳур кард ва зуд дар дигар кишварҳо паҳн шуд.

Тибқи омори ахир, то 9 апрел беш аз 1,5 миллион кас дар 209 кишвари ҷаҳон аз коронавирус сироят шудааст. Беш аз 89,4 ҳазор нафар ҷон бохта, пизишкон 337,1 беморро табобат карданд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (500)
Барчаспҳо:
пешгӯӣ, коршиносон, вирус, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ