04:48 07 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (500)
425701

Имрӯз ҷумъа, 10 апрел, дар тамоми масҷидҳои ҷомеъи Тоҷикистон аз намозгузорон хоста шуд, ки беҳтар аст дар хонаҳои худ намоз гузоранд, зеро хатари густариши “вируси корона” зиёд шудааст

ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Имомхатиби яке аз масоҷиди Душанбе гуфт, субҳи имрӯз аз Шӯрои уламои Тоҷикистон матнеро дарёфт карданд, ки бояд ба намозгузорон қироат мешуд

Дар ин матн, ки дар дастраси Sputnik Тоҷикистон қарор гирифт, гуфта шудааст, ки дар аксар давлатҳои ҷаҳон масҷиду калисоҳо баста шуданд ва ҳатто маркази дини ислом - Арабистони Саудӣ маросими ҳаҷ манъ, бузургтарин масоҷиди мусулмонон – Масҷид ул-ҳаром, Масҷиди Набавӣ, Масҷиди Ақсо баста, тавоф дар атрофи Хонаи Каъба ва саъй байни Сафову Марва муваққатан номумкин шуд. 

Дар идомаи матн омадааст, давлатҳои ҳамсояи Тоҷикистон - Чин, Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дари масҷиду калисоҳоро бастанд, ҳатто дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон фатвои махсус содир шуда, омадани одамон ба масҷидро пурра манъ кардаанд.

"Дохили масҷид аз ҷиҳати сирояти "вируси тоҷдор" ҷои аз ҳама осебпазиртарин мебошад, зеро дар он ҷо одамон аз минтақаҳои гуногун, соҳиби касбу кори гуногун, роҳгузарон дар як фазои маҳдуд ҷамъ омада, намоз мехонанд. Аз як саҷдагоҳ ва ё як ҷои намозгузорӣ дар панҷ вақти намози якрӯза шахсони гуногун истифода менамоянд. Дар ин ҳолат эҳтимолияти сироят якчанд маротиба меафзояд. Дар чунин вазъ ҷиҳати пешгирии сироятёбии одамон мунтазам панҷ маротиба пеш аз намоз ва баъд аз он пурра дезинфексия кардани бинои масҷид, таҳоратхона ва гирду атрофи он, инчунин назорати пӯшидани ниқоб мушкил ва ғайриимкон аст", - омадааст дар нома.

Бо такя ба манобеи шаръӣ имомхатибон таъкид доштаанд, ки дар чунин шароити ҳассос хондани намоз нисбат ба масҷидҳо дар хона афзалтар мебошад ва ҳам ҳадисе ба ривояти Абӯҳурайра (р) аз Паёмбари Худо (с) оварданд: "Шахси мариз назди шахси тандуруст оварда нашавад".

"Дар ҳолати паҳншавии бемориҳои сироятӣ, номусоид будани вазъи ҳаво ва тарс аз душман дар хона намоз гузоштан ҳам фазилати бузург дорад, зеро шумо ба ин васила худ ва дигаронро аз сироятёбӣ эмин нигоҳ медоред. Намозе, ки ба василаи он ба дигар одамон зарари ҷиддӣ мерасад дар назди Худованд қабул намегардад", - омадааст дар матни Шӯрои уламои Тоҷикистон.

Оё ин даъвати имомхатибон маънои дигарбора баста шудани масҷидҳои ҷомеъи Тоҷикистонро дорад? Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳоло сухан дар бораи бастани масҷидҳо намеравад, балки Шӯрои уламо ва ходимони дин бо дарназардошти вазъи воқеӣ ба намозгузорон чунин тавсияҳо додаанд.

"Хушбахтона, дар Тоҷикистон то ба ҳол ягон мавриди гирифторӣ ба “вируси тоҷдор” сабт нашудааст, аммо ба хотири пешгирӣ ходимони дин аз намозгузорон даъват намудаанд, ки намозҳояшонро дар хона адо кунанд", - гуфт Афшини Муқим.

Имомхатибони масоҷиди ҷомеъ ва панҷвақтаи Тоҷикистон бегоҳи рӯзи 3 март ҳангоми намози хуфтан эълон карда буданд, ки намозгузорон аз омадан ба масҷид худдорӣ варзанд. Фардои он рӯз Шӯрои уламо зимни як ҷаласаи фаврӣ ба намозгузорон муроҷиат кард, ки аз намозҳои ҷамоат парҳез карда, ибодатҳои худро дар хона анҷом диҳанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон низ вазъи беҳдоштии масҷидҳои кишварро ғайриқаноатбахш хонда буд.

14 март Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон эълон кард, ки зиддиуфунӣ кардан ва корҳои профилактикии масоҷиди кишвар анҷом мешаванд ва ба зудӣ дари масоҷид боз хоҳанд шуд.

19 март Кумитаи мазкур қабл аз рӯзи ҷумъаи 20 март хабар дод, ки дари масоҷид аз субҳи дигар боз хоҳанд буд, зеро корҳои профилактикӣ ва зиддиуфунӣ кардани онҳо ба анҷом расидааст.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (500)
Барчаспҳо:
Шӯрои уламо, бемориҳои сироятӣ, вирус, намоз, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ