05:39 07 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
210 0 0

Рӯзи пойтахт, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил карда мешавад, имсол ба 18 апрел рост меояд

ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Имсол низ дар Тоҷикистон Рӯзи пойтахтро ҷашн мегиранд. Дар ин рӯз дар боғу гулгаштҳои кишвар базму чорабиниҳои идона баргузор карда мешавад.

Тавре дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад, дар ин бора нақшаи чорабиниҳои ҳукумати пойтахт қабул гардидаст ва қарори раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ низ ба имзо расидааст.

Дар Тоҷикистон, ки шанбеи севуми моҳи апрел Рӯзи пойтахт аст, имсол ин ид ба 18 апрел рост меояд.

Чун анъана солҳои қаблӣ дар Рӯзи пойтахт дар чор ноҳияи  шаҳр,  бахусус дар боғҳои фарҳангу фароғатии Душанбе базмҳои идона, нишасту ҷамъомадҳо ва дигар барномаҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ  баргузор мегардиданд.

Алорағми дархости СҶБ: Тоҷикистон Наврӯзро бошукӯҳ ҷашн мегирад - акс

Ҳамчунин дар ин рӯз  озмунҳои касбии соҳаи тандурустӣ ва маорифи  шаҳри Душанбе — "Беморхонаи сол", "Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии сол", "Табиби сол", "Табиби оилавии сол", "Корманди миёнаи тибби сол", "Мураббии сол", "Омӯзгори сол", "Хонандаи сол" ва дигар озмунҳои шаҳрӣ ҷамъбаст гардида, ғолибони он бо мукофотҳои муқаррарнамудаи ҳукумати Душанбе сарфароз гардонида хоҳанд шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ